Пайвандҳои дастрасӣ

Навбатҳои чандкилометрӣ барои бензин дар Тошканд


Пойтахти Ӯзбекистон боз аз камбуди бензин азият мекашад – баъд аз зуҳри 4 ноябр бархе аз марказҳои бензинпуркунии Тошканд ба далели камбуди маводи сӯхт аз кор монданд.

Қаблан расонаҳои Ӯзбекистон аз басуръат баланд шудани нархи бензин дар пойтахт хабар дода буданд. Дар Тошканд як литр бензини навъи 91 бо қиммати 5000-6000 сӯм (1 доллар) фурӯхта мешавад. Ҳарчанд як ҳафта пеш ин навъи бензин 3700 сӯм (65 сент) арзиш дошт.

Солҳои ахир камбуди бензин дар фасли тирамоҳ ба як ҳолати маъмулӣ табдил шудааст. Эҳтимол дорад ин амр ба ҷамъоварии ҳосил дар пахтазорҳои Ӯзбекистон рабт дошта бошад, ки захираҳои бештареро мехоҳад.

Ҳарчанд Ӯзбекистон аз захойири зиёди нафт бархурдор аст, аммо зербиноҳои вуҷуддошта имкон намедиҳанд, ки миқдори зарурии бензин барои бароварда сохтани ниёзҳои дохилӣ тавлид карда шавад.

Ширкати давлатии саҳҳомии «Узнефтмаҳсулот» танҳо ширкатест, ки ҳақ дорад аз хориҷи кишвар маводи сӯхт ворид созад.

XS
SM
MD
LG