Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Назарбоев сармоягузоронро ба кишвараш даъват кард


Дар Фаронса раиси ҷумҳури Қазоқистон Нурсултон Назарбоев аз тоҷирони фаронсавӣ даъват кард, ки дар хусусисозии корхонаҳои бузурги Қазоқистон нақши фаъолтаре дошта бошанд, хабар медиҳад маркази матбуотии раиси ҷумҳури Қазоқистон.

Дар ҷараёни дидор бо намояндагони ширкатҳои фаронсавӣ Назарбоев зикр кард, ки онҳо аз имконият ва нақшаҳои дарозмуддати Қазоқистон огоҳанд. Феълан шумори ширкатҳои фаронсавӣ дар Қазоқистон ба садҳо адад мерасад.

Ба иттилои маркази матбуотии Назарбоев миёни Остона ва тоҷирони фаронсавӣ қарордодҳо асосан дар мавриди воридоти уран ба Фаронса, тавлидоти мошинҳо, обрасонӣ, коркарди партовҳо ва арсаҳои дигар имзо шудаанд. Назарбоев борҳо аз тоҷирон даъват кард, ки дар фурӯши бесобиқаи саҳмияҳои давлатӣ дар ширкатҳои истихроҷи маъданҳои кӯҳӣ ва оҳангудозӣ, истихроҷи нафт, энергетика, нақлиёт, алоқа ва сохторҳои зербиноӣ ширкат кунанд.

XS
SM
MD
LG