Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вашингтон эҳтимоли ҳамлаи террористӣ ба А-321-ро рад намекунад


Зимни шарҳи хабарҳои расонаҳо дар робита ба амали террористӣ дар нисбати ҳавопаймои русии А-321 дар Миср сухангӯйи Кохи сафед Ҷош Эрнест гуфт, ки ИМА ҳанӯз дар мавриди ин ҳодиса натиҷагирии ниҳоӣ накардаанд, аммо эҳтимоли амали террористиро набояд аз мадди назар дур сохт.

Пештар шабакаи телевизионии Си-Эн-Эн бо такя ба манбаҳои зикрнашуда дар идораи иктишофии ИМА хабар дод, ки ҳавопаймои А-321 аз таркиши бомба дар нимҷазираи Синай суқут кард. Бахши мисрии гурӯҳи террористии “Давлати исломӣ” масъулияти суқути ҳавопаймои ширкати русии “Когалимавиа”-ро ба зимма гирифт.

Мақомоти Русия ва Миср даъват карданд, ки анҷоми таҳқиқоти расмии сабабҳои сарнагунии ҳавопайморо интизор бошанд.

XS
SM
MD
LG