Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Посухи тунди Русия ба фарзияҳои суқути ҳавопаймо


Маскав ба гумонзаниҳои мақомоти Амрикову Бритониё дар бораи эҳтимоли ба иллати бомб суқут кардани ҳавопаймои Русия дар Миср бо лаҳни шадид посух дод. Мақомоти ширкати “Когалимавиа” - молики ҳавопаймои суқуткарда – гуфтанд, ҳанӯз қазоват дар бораи иллати сониҳа барвақт аст. Дар сониҳаи рӯзи 31 октябри ҳавопаймои Airbus A321-200 дар нимҷазираи Синай ҳамаи 224 сарнишинаш ҳалок шуданд. Манобеи амниятӣ дар Бритониё ва Амрико мегӯянд, таҳлили онҳо нишон медиҳад, ки зоҳиран дар ҳавопаймо бомб гузошта шуда буд. Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин рӯзи 5 ноябр дар тамоси телефонӣ ба сарвазири Бритониё такя ба натиҷаҳои таҳқиқоти расмиро муҳим номид. Сухангӯи вазорати хориҷаи Русия Мария Захарова рӯзи 5 ноябр гуфт, аз инки Бритониё маълумоте дошт, ки ба ин қазия рӯшанӣ андозад, вале касе онро ба Русия надод, таккон хӯрдааст. Сухангӯи Кремл Дмитрий Песков рӯзи 5 ноябр гуфт, танҳо таҳқиқоти расмӣ метавонад иллати суқути ҳавопайморо дақиқ кунад.

XS
SM
MD
LG