Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳси масоили энержӣ дар мулоқоти ҳайати парлумони ИА дар Душанбе


Рӯзи панҷшанбеи 5-уми ноябр дар Душанбе ҷаласаи чаҳоруми Шӯрои ҳамкории парлумонии Тоҷикистон ва Иттиҳодияи Аврупо баргузор шуд. Ҳайати Тоҷикистонро дар ин ҷаласа Шариф Раҳимзода, раиси Кумитаи Маҷлиси Намояндагони оид ба иқтисод ва молия ва ҳайати парлумонии Иттиҳодия Аврупоро Иветар Григули раҳбарӣ карданд.

Дар нишасти ҳайати парлумони Иттиҳодияи Аврупо ва парлумони Тоҷикистон масоили мухталиф, аз ҷумла, мубориза бар зидди терроризм, экстремизм, қочоқи маводи мухаддир, муҳокимаи масъалаҳои аграрӣ ва имкони воридшавӣ ба бозори аврупоӣ, таҳкими ҳамкориҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, туризм, кишоварзӣ, афзоиши ҳаҷми тиҷорат, густариши муносибот дар бахшҳои обу энежӣ фароҳам овардани фазои мусоиди ҳуқуқӣ дар кишвари Тоҷикистон ва кишварҳои аъзои Иттиҳоди Аврупо, рушди демократия, озодии сухан, баҳсу баррасӣ шудаанд.

Яке аз масоили мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо, ҳалли масоили обӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ будааст. Намояндагони Иттиҳодияи Аврупо дар ин нишаст гуфтанд, ки тариқи эътимодсозӣ метавон масоили обӣ дар минтақаро ҳал кард ва ин иттиҳодия дар ин амр метавонад кӯмакҳои худро ироа намояд.

Ҳайати парлумонии Иттиҳодияи Аврупо рӯзи 5-уми ноябр дар шаҳри Душанбе бо раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ мулоқоту гуфтугӯ кард. Тибқи иттилои дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон дар ин мулоқот Эмомалӣ Раҳмон аз сатҳ ва муҳтавои ҳамкории Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо қаноатмандӣ кардааст. Дар мулоқоти ҳайати парлумонии Иттиҳодияи Аврупо бо раиси ҷумҳури Тоҷикистон, роҷеъ ба раванди демократикунонии ҷомеаи Тоҷикистон, зарурати идомаи ҳамкорӣ дар самти таҳкими ҳифзи марз бо Афғонистон баҳсу баррасӣ сурат гирифтааст.

XS
SM
MD
LG