Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти раҳбари собиқи VimpelCom дар Норвегия


Пулиси Норвегия раҳбари собиқи ширкати VimpelCom-ро, ки дар робита ба фаъолиятҳояш дар Узбакистон ба фасод гумонбар мешавад, боздошт кардааст. Пулис рӯзи 5 ноябр гуфт, шаҳрванди Норвегия Йо Лундер, ки аз соли 2001 то апрели соли равон мудиромили ширкати мухобиротии марказаш дар Ҳолланд, вале марбут ба миллиардери рус Михаил Фридман буд, шоми 4 ноябр дар фурудгоҳи Осло ҳангоми бозгашт аз Лондон дастгир шуд. Мақомоти Амрикову Ҳолланд ин ширкатро ба пардохти миллионҳо доллар пора ба ба ширкатҳои марбут ба Гулнора Каримова, духтари раисиҷумҳури Узбакистон Ислом Каримов барои роҳ ёфтан ба бозори он кишвар гумонбар медонанд. Вакили Лундер гуфт, ки ӯ ҳар навъ даст доштанаш дар тахаллуфотро рад мекунад. VimpelCom қаблан гуфт, дар робита ба таҳқиқи парвандаи фасоди марбут ба сармоягузориҳояш дар Узбакистон 900 миллион доллар аз захираҳои худро канор мегузорад. VimpelCom дар бозори мобилу Интернети Русия ва чанд кишвари дигар, аз ҷумла дар Тоҷикистон, бренди Beeline-ро мечархонад.

XS
SM
MD
LG