Пайвандҳои дастрасӣ

Хоҳишмандони паноҳҷӯӣ дар Амрико аз ҳисоби шаҳрвандони Русия 50 % афзоиш ёфтанд


Теъдоди шаҳрвандони Русия, ки хостори паноҳандагӣ дар Амрико шудаанд, ба волотарин сатҳ дар беш аз бист соли ахир расид. Хурӯҷ аз Русия бо сиёсати шадиди Кремл, афзоиши фасод ва таъқибу нақзи ҳуқуқҳои аққалиятҳои ҷинсӣ дар ин кишвар бастагӣ дорад.

Дар соли молиявие, ки дар ИМА 30 сентябр ба поён расид, шаҳрвандони Русия 1454 дархости дарёфти паноҳандагӣ дар Амрикоро ироа кардаанд. Ба иттилои Вазорати амнияти миллии ИМА, ки Радиои Озодӣ тибқи Қонун дар бораи озодии баён дастрас кард, ин рақам назар ба як соли пеш 50 дар сад ва дар қиёс бо соли 2012, ки Владимир Путин дубора зимоми ҳукумати Русияро ба даст гирифт, беш аз ду баробар зиёд аст. Дархостҳо дар бораи паноҳандагии сиёсӣ, таври маъмул, аз номи аҳли хонавода ироа мешаванд.

Дар маълумоти дастрасшуда ангезаҳои довталабон барои дарёфти паноҳандагии сиёсӣ мушаххас нестанд. Аз нигоҳи мақомоти муҳоҷирати Амрико, афзоиши дархости паноҳандагӣ шояд ба он марбут аст, ки аз сӯи Владимир Путин имзо шудани қонун дар бораи манъи тарғиби ҳамҷинсгароӣ ангезае барои фирори дастаҷамъии аққалиятҳои ҷинсӣ аз Русия гардид. Кишварҳои ғарбӣ ин қонунро маҳкум карданд, гурӯҳҳои ҳомии ҳуқуқи башар гуфтанд, ки ин санад дасти гурӯҳҳои мухолифи ҳамҷинсогароҳоро барои идомаи таъқибу хушунат алайҳи онҳо боз мекунад. Аммо Путин исрор дорад, ки ҳадафи қонун на нақзи ҳуқуқҳои ҳамҷинсгароҳо, балки дифои кӯдакон аз ҳамҷинсгароҳост.

СИЁСАТ ВА ФАСОД

Бино ба маълумоти аз сӯи мақомоти муҳоҷиратии ИМА ҳанӯз тайиднашуда, бештари аризаҳо барои дарёфти паноҳандагии сиёсӣ дар Амрико аз сӯи онҳое ироа шудаанд, ки худро қурбониии таъқиби сиёсӣ ва таҳдиду таъқиби мансабдорони фасодзадаи Русия мехонанд.

Алена Шаутсова, вакили мудофеъ дар Хадамоти муҳоҷиратии Ню-Йорк ба Радиои Озодӣ гуфт, соли равон шумораи русҳое афзоиш ёфтааст, ки ба сиёсати Путин ва замима шудани нимҷазираи Қрим ба Русия дар соли гузашта мухолифанд. "Онҳо ба ман муроҷиат мекунанд ва мегӯяд, ки мо он ҷо дигар зидагӣ карда наметавонем, чӣ хел ҳиҷрат накунем", мегӯяд мусоҳиби мо.

Ба гуфтаи ӯ, миёни афроди ба ӯ муроҷиаткарда ҳам ҳамҷинсгаро ҳастанд ва ҳам афроде, ки ба иддаои худашон, барои ақидаҳои сиёсӣ таъқиб мешаванд.

Алексей Навалний

Алексей Навалний

Баъд аз бозгашти Путин ба садри Русия ӯ сиёсати дохилиро тавре чархонд, ки назорати Кремл аз болои тавозуни нерӯҳои сиёсии кишвар таъмин шуд. Путин расонаҳои хабарии давлатиро барои инъикоси хатти машйи Кремл водор сохт, сармоягузории кишарҳои хориҷӣ ба созмонҳои ғайриҳукуматиро манъ кард. Алайҳи фаъолони мухолифин, ба шумули яке аз фаъолони ҷомеъаи шаҳрвандӣ Алексей Навалний,парвандаи ҷиноӣ боз шуд, парвандаҳое, ки ангезаи сиёсӣ доштанашон баръало намудор аст.

Шаутсова мегӯяд, яке аз довталабони паноҳандагӣ исрор мекунад, ки ӯ, баъд аз ширкат дар намоиши эътирозӣ алайҳи куштори сиёсатмадори маъруфи мухолифи давлат Борис Немтсов пайваста аз сӯи кормандони полис таъқиб мешавад. Борис Немтсов моҳи феврали соли равон дар наздикиҳои Кремл ҳадафи тир қарор гирифт.

Исмоил Шахтахтинский, вакили дифои муқими аёлати Вирҷиния, ки бо довталабони паноҳандагӣ аз Русия ва Озарбойҷон сару кор дорад, мегӯяд, соли гузашта бештари русҳо аз фишори мақомот барои додани ришват ва барои эътирофи бардурӯғ шикоят мекарданд. Ба гуфтаи ӯ, бисёр вақт ҳукумат алайҳи нафаре парвандаи ҷиноӣ боз мекунад ва барои ёфтани шоҳидони тақаллубӣ талош меварзад. Исмоил Шахтахтинский мутмаин аст, ки дар мурофиаи додгоҳии Русия аз шоҳидони тақаллубӣ зиёд истифода мешавад.

ТАРС БОИСИ ФИРОР БА АМРИКО ШУД

Immigration Equality ё Баробарии муҳоҷиратӣ, яке аз бузургтарин гурӯҳҳои дифоъ аз манфиатҳои паноҳандагон дар ИМА мегӯяд, теъдоди ҳамҷинсгароҳое, ки хостори паноҳандагӣ дар Амрико шудаанд, тақрибан баробар ба ҳамин давраи соли гузашта аст. Ба ин созмон имсол 44 шаҳрванди Русия муроҷиат кардааст, як сол пеш теъдоди онҳо 47 нафар буд, гуфт дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ Аарон Моррис, яке аз раҳбарони Immigration Equality. Ӯ ҳадс мезанад, ки шояд дар ду моҳи боқимонда чанд каси дигар ҳам ба онҳо барои мусоидат дар дарёфти паноҳандагӣ муроҷиат кунанд…

Ба гуфтаи Моррис, миёни онҳое, ки соли гузашта ариза навишта буданд, ҳамҷинсгароҳои русе ҳам буданд, ки дар Амрико хонадор шуданд ва дар садади таҳияи санадҳо барои дарёфти шаҳрвандиянд.

Тарс аз латукӯбу хушунат омили асосиест, ки аққалиятҳои ҷинсиро барои фирор аз Русия ва дарёфти паноҳандагии сиёсӣ дар Амрико водор месозад. Моррис мегӯяд, ки бештари ҳамҷинсгароҳо аз гурӯҳҳои сартарошидаҳо ё скинҳедҳо ҳарос доранд, ки пайваста ба клубҳову ҷойҳои таҷаммӯи ҳамҷинсгароҳо ҳамла мекунанд.

Бино ба иттилои Вазорати амнияти миллӣ, соли 1994 шаҳрвандони Русия беш аз 17 ҳазор ариза барои дарёфти паноҳандагӣ дар ИМА ироа карда буданд ва 6 ҳазори онҳо пазируфта шуда буд.

Имсол шумораи дархостҳо барои дарёфти паноҳандагии сиёсӣ - бузургтарин аз соли 1994 ба ин сӯ буд – 21 сол пеш, бар асари суқути шӯравӣ, шаҳрвандони Русия 2127 ариза дода буданд.

Зимнан, шаҳрвандони Русия бештар хостори дарёфти паноҳандагӣ дар Иттиҳодияи Аврупо мешаванд. Аммо ба назар мерасад, ки ин раванд ҳам кунд шудааст. Бино ба иттилои бунгоҳи Евсростат, соли гузашта шаҳрвандони Русия ба кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо беш аз 14 ҳазор аризаи дарёфти паноҳандагӣ дода буданд, дар ҳоле, ки як сол аз он пеш 35 ҳазор аризаи шаҳрвандони Русия ворид шуда буд.

Аз соли 2008 то соли 2014 ИМА дар маҳбубият миёни довталабони дарёфти паноҳандагӣ аз чандин кишвари аврупоӣ пеш гузашт, вале, бино ба иттилои Евростат, ҳанӯз ҳам хоҳишмандони ба Олмон, Фаронса, Лаҳистон ва Шветсия кӯч бастан хело зиёданд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG