Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Горди миллии Узбакистон - дар ҳолати омодабош


Шаби 3 ноябр ҳайати ҷузъу томҳои гарнизони Тошканди вазорати мудофиа ва ниҳодҳои интизомии пойтахти Узбакистон ба ҳолати омодабоши пурра оварда шудаанд.

Ба гуфтаи манбаҳои бахши узбекии Радиои Озодӣ, дар ниҳодҳои интизомӣ низомиён ва маъмурони ниҳодҳои интизомии Тошканд таҳти назорати афсарони Идораи амнияти миллӣ қарор дода шудаанд.

- Аллакай 18 соат мо беист дар ду баст кор мекунему ҳатто ба хона намеравем. Ба ио истифода аз телефонҳои ҳамроҳ манъ шудааст, - мегӯяд як манбаъ дар ниҳодҳои интизомии ноҳияи Юнусободи шаҳри Тошканд.

Дар бораи сабабҳои ба ҳолати омодабош гузаштани ниҳодҳои қудратӣ чизе гуфта нашудааст. Аммо дар ҳафтаи гузашта Идораи амнияти миллии Узбакистон изҳор дошта буд, ки ҷангиёни дар пайи ҳуҷумҳои нерӯҳои давлатии Сурия, Ироқ ва Афғонистон фироркарда, талош доранд, дар қаламрави Узбакистон сарпаноҳ пайдо кунанд.

То ҳол ниҳодҳои амниятии Узбакистон омори дақиқи ҷангиёне, ки талош доранд ба қаламрави Узбакистон ворид шаванд, эълом накардаанд. Аммо дар тамоми кишвар иқдомоте барои бештар кардани огаҳии мардум идома дорад.

XS
SM
MD
LG