Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳукми зиндони имом барои даъватҳо ба ҷанги Сурия


Додгоҳи Босния як рӯҳонии мусалмонро барои ҷалби довталабон ба фаъолиятҳои ифротӣ дар Сурияву Ироқ ба 7 соли зиндон маҳкум кард. Қозӣ Амела Ҳускич рӯзи 5 ноябр зимни эълони ҳукм гуфт, Ҳусейн Боснич бо “суханбозии пурмаҳорат” мардумро ба пайвастан ба сафи гурӯҳи ифротии “Давлати исломӣ” ташвиқ мекард. Боснич бар асоси қонуне маҳкум шуд, ки як сол пеш таҳия шуда, барои ҷалби ҷавонони босниягӣ ба сафи гурӯҳҳои тундрави исломӣ ҷазо пешбинӣ кардааст. Пулис мегӯяд, дар 3 соли охир ҳудуди 200 нафар аз Босния ба Сурия рафтаанд. Аз ин шумор беш аз 50 тан баъдан баргаштанд, вале ҳудуди 30 кас дар онҷо кушта шуданд.

XS
SM
MD
LG