Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Шумори қурбониён бар асари фурӯпошии як корхонаи халтасозӣ дар шаҳри Лоҳур дар шарқи Покистон ба 20 расид. Амалиёти наҷот дар инҷо идома дорад, чунки бовар меравад, ки даҳҳо тани дигар дар зери овори корхона мондаанд. Аз зери овор то ҳол ҳудуди 100 нафарро зинда берун кашидаанд. Мақомот мегӯянд, бовар меравад, ки дар соати фоҷиа дар ин корхона 150 нафар кор мекард. Иллати фурӯпошии корхона, ки баъди сохтани қабати сеюми бино рух дод, ҳанӯз рӯшан нест. Мақомот мегӯянд, ин бино бар асари заминларзаи 7,5-баллии ҳафтаи гузашта, ки боиси ҳалокати беш аз 400 нафар дар минтақа шуд, осеб дида буд.

XS
SM
MD
LG