Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Русия иддаоҳои ғайрирасмӣ дар бораи гӯё бар асари таркиши бомб суқут кардани ҳавопаймои мусофирбараш дар Мисрро рад мекунад. Сухангӯи Кремл Дмитрий Песков рӯзи 5 ноябр гуфт, танҳо таҳқиқоти расмӣ метавонад иллати суқути ҳавопаймои Airbus A321-200 дар нимҷазираи Синайро дақиқ кунад. Дар ин сониҳаи рӯзи 31 октябр ҳамаи 224 сарнишини ҳавопаймо ҳалок шуданд. Сарвазири Русия Дмитрий Медведев низ рӯзи 5 ноябр гуфт, натиҷагирӣ дар бораи иллатҳои ин сониҳа ҳанӯз пеш аз вақт аст. Вале ӯ ба масъулон амр додааст, то бо мақомоти кишварҳои дигар пиромуни афзоиши тадбирҳои амниятӣ вориди музокирот шаванд. Ин баёнияҳо дар пайи изҳороти вазири хориҷаи Бритониё Филип Ҳаммонд аст, ки гуфт, “эҳтимоли ҷиддӣ”-е вуҷуд дорад, ки дар дохили ҳавопаймои Русия бомб гузошта буданд. Ба гуфтаи манобеи амниятии Амрикову Аврупо, далелҳои нав аломат медиҳанд, ки зоҳиран бомби гузоштаи созмони тундрави “Давлати исломӣ” сабаби суқути ҳавопаймои Русия дар нимҷазираи Синайи Миср шудааст.

XS
SM
MD
LG