Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як зани афғон дар Канада вазир шудааст


Марям Мунсиф
Марям Мунсиф

Як зани зодаи Афғонистон ба ҳайси вазири ниҳодҳои демократии Канада адои савганд кард. Сарвазири Канада Ҷастин Трюдо вакили парлумон Марям Мунсифро рӯзи 4 ноябр ба унвони узви 31-уми кобинааш пешбарӣ кард. Марям Мунсифи 30-сола ҷавонтарин вазир дар Канада ба шумор меравад. Ӯ зодаи Ҳироти Афғонистон буда, падарашро ҳанӯз дар овони тифлӣ аз даст додааст. Марям ҳамроҳ бо модару ду хоҳараш дар соли 1996, вақте ҳамагӣ 11 сол дошт, тарки Афғонистон карданд. Як моҳ пеш ин сиёсатмадори узви ҳизби либералӣ ҷавонтарин вакил дар таърихи парлумони Канада интихоб шуда буд.

XS
SM
MD
LG