Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Путин: Маскав кумак ба матбуоти русзабонро идома хоҳад дод


Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин гуфт, Маскав пуштибониаш аз матбуоти русзабонро, ки ба гуфтаи ӯ, дар хориҷ иттилооти “дурусту беғараз” дар бораи Русия ва “комёбиҳо”-и ин кишварро нашр мекунанд, идома хоҳад дод. Путин рӯзи 5 ноябр дар Конгресси ҳамватанон, ки ҳудуди 400 намояндаи ҷамъиятҳои русзабонро аз кишварҳои мухталиф барои ду рӯз дар Маскав гирд овардааст, гуфт, чунин иттилоот ба “тақвияти нуфуз ва чеҳраи байналмилалии Русия” кумак карда, дар муқобили “тамоми навъҳои пропаганда ва клишеҳои зидди Русия” “стереотипҳо ва пешқазоватҳо”-ро мешиканад. Ӯ гуфт, Маскав ҳимояташ аз донишгоҳҳои русиро дар хориҷ, бахусус дар кишварҳои СНГ низ идома хоҳад дод. Бино ба омори Маскав, ҳудуди 30 миллион мардуми русзабон дар 97 кишвари дунё ба сар мебаранд.

XS
SM
MD
LG