Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Путин аз сӯи "Forbes" қудратмандтарин фарди ҷаҳон шинохта шуд


Маҷаллаи амрикоии Forbes рӯзи панҷшанбе Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русияро дар садри феҳристи қудратмандтарин шахсиятҳои ҷаҳон барои соли 2015, қарор дод.

Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия аз сӯи маҷаллаи амрикоии "Forbes" дар садри феҳристи қудратмандтарин шахсиятҳои ҷаҳон барои соли 2015 қарор гирифт.

Дар феҳристе, ки маҷаллаи "Forbes" солона аз қудратмандтарин шахсиятҳои ҷаҳон мунташир мекунад, Владимир Путин пеш аз Ангела Меркел ва Барак Обама, ҳамтоёни олмонӣ ва амрикоии худ, ба унвони қудратмандтарин шахс дар соли 2015 муаррифӣ шудааст. Ин соли савум аст, ки Путин пайдарпай дар ин мақом қарор гирифтааст.

Хонум Меркел, ки дар соли ҷорӣ бо сиёсати дарҳои бози худ барои рӯёрӯӣ бо бӯҳрони муҳоҷирони ғайриқонунии Аврупо сару садо ба по кардааст, дувумин фарди қудратманди ҷаҳон ва қудратмандтарин зани дунё муаррифӣ шудааст.

Нахуствазири Олмон соли гузашта дар ҷои панҷуми ин феҳрист қарор дошт. Ангела Меркел пештар аз сӯи ҳамин маҷалла ва барои панҷумин соли пайдапай дар садри қудратмандтарин занони ҷаҳон қарор гирифта буд. Ҳиллари Клинтон дар рутбаи дувуми ин феҳрист қарор дошт.

Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико дар охирин сол аз зиндагии худ дар Кохи Сафед низ бо як зина суқут нисбат ба соли гузашта, дар соли 2015 дар мақоми савум қарор гирифтааст.

Дар феҳристи "Forbes" аз қудратмандтарин афрод дар ҷаҳон номи Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ, раҳбари Эрон низ ба чашм мехӯрад, ки дар мақоми 18-ум қарор гирифтааст. Малик Салмон, подшоҳи Арабистони Саудӣ дар мақоми 14-ум қарор гирифтааст.

Нахуствазири Исроил Бенямин Нетаняҳу дар ҷои 21-ум ва раҳбари гурӯҳи "Давлати исломӣ" Абубакр Ал-Бағдодӣ дар мақоми 57-ум ҷой гирифтаанд.

XS
SM
MD
LG