Пайвандҳои дастрасӣ

Мавқеи Тоҷикистон дар раддабандии ФИФА тағйир наёфтааст


​Тоҷикистон дар рейтинг ё раддабандии нави ФИФА бо 156 имтиёз мавқеашро дар мақоми 160-ум нигоҳ дошт.

Тоҷикистон дар раддабандии нави ФИФА (Федератсияи байнулмилалии футбол), ки 5 ноябр нашр шудааст, бо 156 имтиёз дар байни 209 тими миллӣ мавқеашро дар мақоми 160-ум нигоҳ доштааст.

Мунтахаби Тоҷикистон дар байни 46 дастаи миллии кишварҳои Осиё дар ҷойи 28-ум ва дар байни 15 кишвари собиқи шӯравӣ дар зинаи охирин мебошад.

Дар феҳристи нави ФИФА мунтахаби Белгия бо 1440 имтиёз дар ҷойи аввал аст. Мунтахаби Олмон (1388) дар ҷойи дувум ва мунтахаби Аргентина (1383) дар ҷойи севуманд. Ба қатори даҳ мунтахаби беҳтарини ҷаҳон, инчунин Португалия, Чили, Испания, Колумбия, Бразилия, Инглистон ва Австрия дохиланд.

Бозии наздиктарини тими миллии Тоҷикистон 12 ноябр дар Душанбе муқобили мунтахаби Бангладеш баргузор мешавад.

Мавқеи рақибони мунтахаби Тоҷикистон дар марҳилаи дувуми интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2018 дар гурӯҳи “В” дар раддабанди нави ФИФА чунин аст: Австралия – ҷойи 60-ум, Урдун – ҷойи 82-юм, Қирғизистон – ҷойи 124-ум, Бангладеш – ҷойи 180-ум.

Бояд тазаккур дод, раддабандии ФИФА аз соли 1993 ба ин сӯ тартиб дода, имтиёзҳо ба кишварҳо аз рӯи натоиҷи дастаи мунтахаби миллиашон дар давраи чаҳор сол дода мешавад. Натиҷаи беҳтарини мунтахаби Тоҷикистон дар тамоми таърихаш дар феҳристи ФИФА ҷойи 106-ум дар моҳи июни соли 2013 мебошад.

XS
SM
MD
LG