Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

VimpelCom 900 млн $-ашро канор мегузорад


VimpelCom, ширкати мухобиротии марказаш дар Ҳолланд, ки аксари саҳмияҳояш дар дасти сармоядори рус Михаил Фридман аст, гуфт, дар робита ба таҳқиқи парвандаи фасоди марбут ба сармоягузориҳояш дар Узбакистон 900 миллион доллар аз захираҳои худро канор мегузорад. VimpelCom ин тасмимашро рӯзи 3 ноябр ба Кумиссиюни амрикоии табодули асъор, ки ҳамроҳ бо вазорати адлияи Амрико ва додситонии Ҳолланд ин парвандаи фасодро таҳқиқ мекунад, эълон кардааст. Ин ширкат ба он айбдор мешавад, ки барои роҳ ёфтан ба бозори Узбакистон ба ширкатҳои марбут ба Гулнора Каримова, духтари раиси он ҷумҳурӣ Ислом Каримов ба маблағи миллионҳо доллар пора додааст. VimpelCom дар бозори мобилу Интернети Русия ва чанд кишвари дигар, аз ҷумла дар Тоҷикистон, бренди Beeline-ро мечархонад.

XS
SM
MD
LG