Пайвандҳои дастрасӣ

Амалиёти наҷот дар маҳалли фурӯпошии як корхонаи халтасозӣ дар шаҳри Лоҳур дар шарқи Покистон идома дорад. Бар асари ин фоҷиаи рӯзи 4 ноябр дастикам 18 нафар ҳалок шудаанд ва бовар меравад, ки даҳҳо тани дигар дар зери овори корхона мондаанд. Аз зери овор то ҳол ҳудуди 100 нафарро зинда берун кашидаанд. Ба амалиёти наҷот кранҳову булдозерҳо ҷалб шудаанд ва артиши Покистон гуфт, барои кӯмак ба наҷотбахшон муҳандисону коршиносонашро фиристодааст. Мақомот мегӯянд, бовар меравад, ки дар соати фоҷиа дар ин корхона 150 нафар кор мекард. Вале коргарон дар бораи шумори аз ин бештар ҳарф мезананд. Иллати фурӯпошии корхона, ки баъди сохтани қабати сеюми бино рух дод, ҳанӯз рӯшан нест. Мақомот мегӯянд, ин бино бар асари заминларзаи 7,5-баллии ҳафтаи гузашта, ки боиси ҳалокати беш аз 400 нафар дар минтақа шуд, осеб дида буд.

XS
SM
MD
LG