Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Темир Сариев дубора сарвазир шуд


Темир Сариев
Темир Сариев

Парлумони Қирғизистон Темир Сариевро рӯзи 5 ноябр дигарбора сарвазир интихоб кард ва ҳайъати кобинаи вазирони ӯро тасвиб кард. Ҳукумати Қирғизистон дар пайи ташкили эътилофи ҳокиме, ки аксариятро дар парлумон барои аҳзоби тарафдори раисиҷумҳур Алмосбек Отамбоев таъмин кард, ташкил ёфт. Сариев аз моҳи май сарвазири Қирғизистон аст.

Дар иҷлосияи парлумон қарори ба ҳолдинг табдил додани вазорати энержӣ ва дар он ҷамъ овардани ҳамаи ширкатҳои давлатӣ низ тасвиб шуд. Ҳамин тавр, вазорати дифоъ ба кумитаи давлатии дифоъ табдил дода шуд. Раиси ин кумитаро раисиҷумҳур таъйин мекунад.

XS
SM
MD
LG