Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бозии Тоҷикистону Бангладешро ироқиҳо доварӣ мекунанд


Доварони бозии дастаҳои Тоҷикистону Бангладеш

Доварони бозии дастаҳои Тоҷикистону Бангладеш

Доварони бозии дастаҳои мунтахаби футболи Тоҷикистон ва Бангладеш аз Ироқ мебошанд.

Доварони бозии дастаҳои мунтахаби футболи Тоҷикистон ва Бангладеш аз Ироқ мебошанд.

Бозии даври ҳафтуми сабқати интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2018 дар гурӯҳи «В» байни дастаҳои мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон ва Бангладешро ҳакамон аз Ироқ доварӣ мекунанд.

Довари ФИФА Алӣ Сабоҳ Аддай Ал-Қайсии 38-сола сардовари ин бозӣ таъин шудааст. Ёварони ӯ Луай Субҳӣ Адиб Ал-Азавии 44-сола ва Муайяд Муҳаммад Алии 35-сола, довари эҳтиётӣдовари ФИФА Ватика Муҳаммад Ал-Баага мебошанд. Нозири доварон Масъуд Муродӣ аз Эрон ва комиссари бозӣ Йен Мун Чуназ Ҳонконг таъин гаштаанд.

Бозии даври ҳафтуми сабқати интихобии қаҳрамонии Осиё-2018 дар гурӯҳи «В» байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Бангладеш рӯзи панҷшанбеи 12 ноябр дар Варзишгоҳи марказии Душанбе соати 17:00 шурӯъ мешавад.

Ситоди мураббиёни мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон бо раҳбарии Мубин Эргашев ҳайати мунтахаби кишварро дар бозии навбатии сабқати интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2018 бо тими миллии Бангладеш эълон кардааст.

Ба рӯйхат 23 бозигар – 3 дарвозабон, 8 ҳимоятгар, 8 нимҳимоятгарва 4 ҳамлагардохиланд. Вале дар бозӣ муқобили мунтахаби Бангладеш легионерҳо – ҳимоятгарон Давронҷон Эргашев («Жетису», Қазоқистон) ва Фарҳод Восиев («Газовик», Русия) ба иллати хориҷшавӣ ширкат намеварзанд.

Ба мунтахаби Тоҷикистон ду бозигари ҷавон – ҳимоятгарон Табрези Давлатмир ва Алишер Сафаров – даъват шудаанд. Ҳарду дар ҳайати мунтахаби ҷавонони то 19-солаи кишвар ба марҳилаи ниҳоии мусобиқаи қаҳрамонии Осиё-2016 роҳхат гирифтаанд.

Мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозӣ муқобили Бангладеш рӯзишанбеи 7 ноябр шурӯъ мекунад.

Баъди натиҷагирии даври шашуми мусобиқа дар ҷадвали гурӯҳи «В» мунтахаби Урдун бо 13 имтиёз дар ҷойи аввал аст. Мунтахаби Австралия, қаҳрамони феълии Осиё, бо 9 имтиёз дар ҷойи дувум мебошад. Мунтахаби Қирғизистон бо 8 имтиёз дар ҷойи севум қарор дорад. Мунтахаби Тоҷикистон бо 2 имтиёз дар ҷойи чаҳорум аст. Мунтахаби Бангладеш бо як имтиёз дар зинаи охирин – панҷум – ҷойгир шудааст.

Ҳайати мунтахаби Тоҷикистон муқобили Бангладеш:

Дарвозабонҳо: Алишер Додов («Регар-ТадАЗ»), АлишерТӯйчиев, Қурбоналӣ Бобоев (ҳарду – «Истиқлол»);

Ҳимоятгарон:Далерҷон Тухтасунов («Регар-ТадАЗ»), Сиёвуш Асроров, Ҷаҳонгир Ҷалилов, Аҳтам Назаров (ҳарсе – «Истиқлол»), Табрези Давлатмир, Алишер Сафаров (ҳарду – «Вахш»), Ҳасан Рустамов, Соҳиб Ҳакимов (ҳарду – «Хуҷанд»);

Нимҳимоятгарон:Ҷаҳонгир Алиев («Хуҷанд»), Нозим Бобоҷонов, Фаридун Шарифов (ҳарду – «Регар-ТадАЗ»), Нуриддин Давронов, Фатҳулло Фатҳуллоев, Хуршед Маҳмудов, Парвизҷон Умарбоев, Умедҷон Шарифов (ҳама – «Истиқлол»);

Ҳамлагарон:Манучеҳр Ҷалилов, Дилшод Восиев (ҳарду аз "Истиқлол"), Комил Саидов ("Регар-ТадАЗ"), Аҳтам Ҳамроқулов ("Худжанд").

ҶҶ-2018. Сабқати интихобӣ. Марҳилаи дувум

Гурӯҳи «В»

Даври 7-ум

12 ноябр (панҷшанбе)

Тоҷикистон — Бангладеш

Австралия — Қирғизистон

Даври 8-ум

17 ноябр (сешанбе)

Бангладеш — Австралия

Қирғизистон — Урдун

Даври 9-ум

24 март (панҷшанбе)

Австралия - Тоҷикистон

Урдун — Бангладеш

Даври 10-ум

29 март (сешанбе)

Тоҷикистон - Қирғизистон

Австралия — Урдун

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

Урдун

5

4

1

0

12-1

13

2

Австралия

4

3

0

1

10-3

9

3

Қирғизистон

5

2

2

1

8-5

8

4

Тоҷикистон

5

0

2

3

4-12

2

5

Бангладеш

5

0

1

4

2-15

1

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG