Пайвандҳои дастрасӣ

Фарзия: ДИИШ дар дохили ҳавопаймои Русия бомба гузоштааст


Рӯзи гузашта Бритонияи Кабир эълом кард, мумкин аст ҳавопаймои А-321-и Русия бар асари инфиҷори бомба, ки дар фурудгоҳи Шарм-уш-Шайх ҷойгузорӣ шуда бошад, суқут кардааст.

Бритониёи Кабир ва Амрико фарзияҳои худро дар бораи чигунагии суқути ҳавопаймои А-321-и Русия, баъди чанд лаҳзаи парвозаш аз фурудгоҳи Шарм-уш-Шайхи Миср, эълон карданд. Бритониё мегӯяд, мумкин аст, ин ҳавопаймои Русия бар асари инфиҷори бомба, ки дар фурудгоҳи Шарм-уш-Шайх ҷойгузорӣ шуда бошад, суқут кардааст.

Бино ба иттилои хабаргузории Reuters, манобеи Миср ҳам гуфтаанд, эҳтимол инфиҷор дар ҳавопаймо ба иллати бомба ё сӯзишворӣ сурат гирифта ва ҳоло коршиносон (экспертҳо) таркиби регҳои маҳалли суқути ҳавопайморо таҳқиқ мекунанд.

Дар ҳамин ҳол, Шабакаи телевизионии CNN бо такя ба манобеи истихборотии Амрико хабар дод, ки ба ҳавопаймои А321 гурӯҳи тундагрои “Давлати исломӣ” бомба гузоштаанд.

Рӯзи гузашта, Дэвид Кэмерон, нахуствазири Бритониё гуфт, ки бо тасмими ҳукумати ин кишвар парвози ҳавопаймоҳо аз Лондон ба шаҳри фароғатии Шарм-уш-Шайх мутаваққиф шудааст. Ҷаноби Кэмерон далели ин тасмимро ба суқути ҳавопаймои Русия дар фазои Синойи Миср марбут хондааст.

Рӯзи 4 ноябр гурӯҳи террористии “Давлати исломӣ” бори дигар масъулияти суқути ҳавопаймои А-321-и Русияро ба ӯҳда гирифтааст. Тибқи гузориши хабаргузории Reuters, дар Твиттери “Давлати исломӣ” навори видеоӣ пахш шуда ва дар он аз ҷогузорӣ шудани бомба ба ҳавопаймои Русия аз ҷониби афроди ин созмони террористӣ хабар дода шудааст.

Қаблан низ гурӯҳи “Давлати исломӣ” эълом карда буд, ки ҳавопаймои мусофирбари Русияро тавассути мушак нобуд кардааст. Аммо мутахассисони Русия ва Миср ин иддаоро рад карда ва гуфта буданд, ки террористҳо ба мушакҳои муосири дурбурд дастрасӣ надоранд.

31 октябри соли ҷорӣ сарвазири Миср Шариф Исмоил эълон кард, ки бар асари суқути ҳавопаймои Русия 217 сайёҳ ва 7 халабони он дар Синойи ин кишвар ба ҳалокат расиданд. Ҳавопаймо марбут ба ширкати “Когалымавиа” буд, ки бо рейси 92-68 Шарм-уш-Шайх ба Санкт-Петербург парвоз мекард.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG