Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Путин ба Ирина Каримова медали Пушкинро тақдим кард


Медали Пушкин
Медали Пушкин

Дар рӯзи ваҳдати миллии Русия Владимир Путин ба Ирина Каримова, муовини раиси Академияи маорифи Тоҷикистон медали Пушкинро супурд.

Бино ба гузориши расонаҳои Русия, рӯзи 4 ноябр, дар Рӯзи ваҳдати миллӣ 9 тан аз чеҳраҳои саршиноси кишварҳои хориҷӣ барои “хидматҳо дар таҳкими сулҳ, дӯстӣ, ҳамкорӣ ва тафоҳум миёни мардумон” бо нишони “Дружба” (“Дӯстӣ”) ва медали Пушкин сарфароз шуданд.

Дар миёни ин афрод Лейла Алиева, духтари Илҳом Алиев, раиси ҷумҳури Озарбойҷон ва раҳбари Бунёди Алиев низ буд.

Маросими супурдани мукофотҳои давлатии Русия дар Кохи Кремл дар иртибот ба Рӯзи ваҳдати миллӣ баргузор шуд.

Ин рӯз ҳамчун бузугдошт ба пирӯзии дастаҳои Кузма Минин ва Дмитрий Пожарский бар таҷовузгарони Полша ва озод кардани Маскав аз тасарруфи онҳо дар соли 1612 дар сартосари Русия таҷлил мешавад.

XS
SM
MD
LG