Пайвандҳои дастрасӣ

Пажуҳиши ахири Bloomberg ҳокист, ки тоҷикҳо назар ба дигар мардуми Осиёи Марказӣ солимтаранд. Дар феҳристи ин созмон Тоҷикистон миёни панҷ кишвар минтақа дар хатти аввал қарор дорад.

«Худкардаро даво нест, вовайлои пинҳонӣ». Носир Шарифов, сокини шаҳри Душанбе мегӯяд, агар чанд сол пеш ба ҳарфи дӯстонаш гӯш медоду назди духтур мерафт, шояд ҳоло дарди ҷонкоҳи меъда азобаш намедод.

Аввалин нишонаҳои маризӣ - дарди меъдаву зардаҷӯш айёми таҳсилаш дар донишгоҳ зуҳур карданд, аммо ба ин зиёд аҳамият намедод, зеро маризӣ баъди чанде ҷисму ҷонашро тарк мекард. Солҳои баъдӣ пас аз дарду сӯзиши меъда ва мушкили ҳазми таом ҳам назди духтур нарафтам ва худро бо ширу асалу набот муолиҷа мекардам, мегӯяд Носир.

Ӯ акнун пушаймон аст, ки сари вақт пеши раҳи “кӯҳна” шудани бемориро нагирифт. "Агар пироҳан дарад, онро зуд дарбеҳ мекунанд, дар акси ҳол ҷои дарида рӯз то рӯз калонтар мешавад. Беморӣ ҳам ҳамин хел аст, агар сари вақт пешгирӣ накардӣ, торафт амиқтар ва табобаташ душвортар мешудааст", бо ҳасрат меафзояд мусоҳиби мо.

“ПЕШИ ТАБИБ НАРАВ, ПЕШИ КОРАФТОДА РАВ”?

…Аз айёми кӯдакӣ қиссае ёдам мондааст, ки ҳамдеҳаамон момаи Бунафша, ҳангоми рӯфтани ҳавлӣ ё кӯча ҳар ҳабе пайдо мекард, онро дарҳол ба даҳан меандохт. Вақте аз ӯ сабаб мепурсиданд, мегуфт, ки “ба ягон ҷо не, ба ягон ҷои баданам фойида мекунад”.Акнун мардум ҳар ҳаби аз кӯча пайдокардаро ба даҳан намеандозанд, мегӯяд Муҳаммадназари Муҳаммадзиё, сардабири нашрияи «Ворисони Сино», аммо маърифати тиббии онҳо ҳоло ҳам дар сатҳи пойин қарор дорад. Афроди мариз то агар аз пой науфтанд, ба табиб муроҷиат намекунанд ва вақте ба бемористон мераванд, ки беморӣ аллакай "кӯҳна" ва барои табобаташ хело дер шудааст.

Бисёр одамон то лаҳзаи ахир рӯ ба раҳми Худо мемонанд ва намедонанд, ки дар марҳалаи ибтидоӣ бемории онҳо бо табобати андак комилан шифо меёбад, меафзояд мусоҳиби мо.

Баъзе беморон ҳам ҳастанд, ки мутмаинанд беморӣ бидуни табобат ҷисму ҷонашонро тарк мекунад, зеро “Худо дардро додааст, шифояшро ҳам медиҳад”. Баъзеи дигар “ихлосу халос” гуфта, ба табобати «халқӣ» ё даму дуои муллоҳо умед мебанданд.

Аммо парҳез аз ташриф ба назди табиб аз тарс ҳам ҳаст - бархе аз он ҳарос доранд, ки духтурҳо дар баданашон маризии вазнинеро ошкор мекунанд. Албатта, иддае барои он пеши духтурон намераванд, ки ҷайбашон холӣ аст. Аммо онҳо низ ҳастанд, ки мутмаинанд, табибони ҳозиқ Тоҷикистонро тарк кардаанд ва ҷояшонро онҳое гирифтанд, ки таҷрибаву саводи кофӣ надоранд.

Абдулло, як омӯзгор аз ноҳияи Восеъ, мушоҳида кардааст, ки агар касе аз доруе сиҳат ёфт, дигарон низ ҳамон доруро истеъмол мекунанд. “Падари ҳаштодсолаи ман ҳам ин “касалӣ”-ро дорад ва доим такрор мекунад, ки “Пеши табиб нарав, пеши корафтода рав!”, мегӯяд ӯ. Зимнан, дар Тоҷикистон бештари доруҳо, аз ҷумла, антибиотикҳоро, дар дорухонаҳо бидуни тавсиянома ё ретсепти духтур мефурӯшанд. Ва ин доруҳо чӣ гуна ба Тоҷикистон ворид шудаанд ва асланд ё тақаллубӣ, касе намедонад.

Ба гуфтаи як мусоҳиби мо, мақомоти Русия ахиран ошкор карданд, аз 170 доруе, ки барои табобати бемории ҷигар аз тариқи расонаҳо тарғиб мешуданд, фақат чаҳортояш даво будаанду халос. Бештари он доруҳоро то ҳол дар рафҳои дорухонаҳои Тоҷикистон дидан мумкин аст. Бо ин аҳвол оё метавон аз солимии мардуми тоҷик ҳарф зад, суол мекунад ӯ.

ТОҶИКҲО АЗ ДИГАР МАРДУМИ МИНТАҚА СОЛИМТАРАНД

Аммо Bloomberg мегӯяд, ки тоҷикон назар ба дигар мардуми Осиёи Марказӣ солимтаранд. Муаллифон пажуҳишро бар пояи иттилои Созмони Милали Муттаҳид, Созмони ҷаҳонии беҳдошт ва Бонки ҷаҳонӣ таҳия кардаанд. Ин таҳқиқот 145 кишвари аҳолияш беш аз як миллион нафарро дарбар мегирад ва ба ҳар кишвар вобаста ба омилҳое чун дарозумрӣ, маргу мири кӯдакон, марг бар асари пиронсолӣ, сабабҳои даргузашт ва давомнокии умри афроди синнашон аз 65-сола боло, хол додаанд.

Ҳангоми баҳогузорӣ таҳдидҳои эҳтимолӣ барои саломатӣ, теъдоди ҷавонони сигорӣ ва афроди мубтало ба фарбеҳӣ ва ВИЧ, вазъи муҳитизистӣ ба назар гирифта шудааст. Сингапур, Италия ва Австралия –сегонаи кишварҳоеро ташкил додаанд, ки 88-89 дар сади мардумашон сиҳатанд. Ба феҳристи “кишварҳои солим” Швейсария, Ҷопон, Исроил, Испания, Ҳуланд, Шветсия ва Олмон ҳам шомиланд.

Муллозуҳур Тоҳирӣ

Муллозуҳур Тоҳирӣ

Дар феҳристи Bloomberg миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ Тоҷикистон дар мақоми 84 ва Узбакистон як зина пойинтар ҷой гирифтаанд. Қирғизистон дар феҳрист дар ҷойи 101-ум ва Қазоқистон дар зинаи 111-ум аст.

Вазорати ҳифзи сиҳати Тоҷикистон арзёбии Bloomberg-ро шарҳ надодааст, аммо ба гуфтаи яке аз кормандонаш Фотима Ғоибова, муаллифон зимни таҳияи гузориш шояд афзоиши дарозумрӣ дар Тоҷикистон ва коҳиши ҷиддии маргу мири тифлу модарро ба назар гирифтаанд. Дар Тоҷкиистон, ба гуфтаи онҳо, тайи солҳои ахир синни миёнаи мардуми кишвар афзоиш ёфта, аз 68,2 ба 72, 5 сол расидааст. Ҳоло синни беш аз 300 сокини Тоҷикистон болотар аз сад сол аст.

Шералӣ Раҳматуллоев, раиси Раёсати хадамоти тиббӣ ба модару кӯдаки вазорати ҳифзи сиҳати Тоҷикистон, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, маргу мири кӯдакон назар ба солҳои пеш 2,5 баробар коҳиш ёфтааст. Агар солҳои 90-ум аз ҳазор тифли ба дунё омада 60-80 нафарашон аз дунё дармегузашт, ҳоло ин рақам то ба 28 тифл аз ҳазор навзодро ташкил медиҳад. Марги модарон ҳангоми зодани тифл ҳам коҳиш ёфтааст ва ҳоло аз сад ҳазор зане, ки тифл ба дунё меоваранд, тақрибан 30 нафарашон оламро тарк мекунанд.

Муллозуҳур Тоҳирӣ, табиб ва гиёҳшиноси маъруф ҳам шак надорад, ки тоҷикҳо назар ба сокинони баъзе аз манотиқи Осиёи Марказӣ солимтаранд, зеро онҳо аввалан, аз оби поки чашмаҳои кӯҳистон менӯшанд ва сониян, аз гиёҳҳои шифобахш ва гандуму меваю сабзавоти худӣ истифода мекунанд. Аввали баҳор мардум шираи камолро обҷӯш карда мехӯранд, ки ҳама кирмҳои меъдаро нобуд месозад, сиёҳалафро истеъмол мекунанд, ки пеши роҳи ҷоғару фаромӯшхотириро мегирад, тхач ва пудинаро мехӯранд, ки барои маризиҳои меъдаву гурда муфид аст, мегӯяд гиёҳшиноси шинохта. Одамони зиёде гиёҳҳоро хушк ва захира мекунанду онҳоро дар таҳияи таомҳо истифода мекунанд ва баъзе гиёҳҳоро чой карда менӯшанд.

Аммо истифодаи оби чашмаву гиёҳҳои шифобахш ҳам кафолат намедиҳад, ки кас ба маризӣ мувоҷеҳ намешавад. Аз ин рӯ, ба гуфтаи Муҳаммадназари Муҳаммадзиё, мардум бояд одат кунанд, ки бо зуҳури аввалин нишонаҳои маризӣ бояд дари бемористонро бикӯбанд. То баъди бистарӣ шудану рӯ ба раҳми Худо мондан дасти ҳасрату пушаймонӣ ба пешонӣ назананд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG