Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Раҳбари НАТО гуфт, ин паймони низомӣ ба хотири санҷиши иқтидораш бузургтарин машқҳо дар даҳсолаи охирро доир мекунад ва бо ин ба Русия ва рақибони эҳтимолӣ паёми рӯшан мефиристад, ки иқтидори НАТО “воқеъӣ ва омода аст.” Дар машқҳои Trident Juncture, ки 19 октябр дар Испания оғоз ёфт, 36 000 нафар аз 30 кишвар, бо шумули ҳавопаймоҳо ва киштиҳои ҷангӣ ширкат доранд. Ин машқҳо то 6 ноябр давом мекунанд. Дабири кулли НАТО Йенс Столтенберг рӯзи 4 ноябр гуфт, “ҳадафи мо тамрину машқ аст, вале мо бо машқҳои Trident Juncture exercise ба кишварҳои мо ва ҳар рақиби эҳтимолӣ низ паёми рӯшан мефиристем. НАТО аз пайи мухолифат нест, вале мо барои ҳимоят аз тамоми муттаҳидонамон омодаем.” Ӯ ин машқҳоро барои омодагии НАТО ба фазои нави амниятӣ муҳим хонд ва рӯи “бесуботиву ифротгароӣ дар Африқои шимолӣ ва Ховари Миёна, ваҳшониятҳои “Давлати исломӣ”, тақвияти ҳузури низомии Русия дар Сурия ва баҳри Миёназамин ва иқдомоти пархоҷӯёнааш дар Украина” махсус таъкид кард.

XS
SM
MD
LG