Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Қарағанда муҳокимаи далели ҳафтум ва охирини парвандаи нахуствазири собиқ Серик Ахметов ва мақомоти дигари баландпояи Қарағанда оғоз шуд.

Ин бахш аз парванда ба ширкати "Гармхонаҳои Топар" пайванд дорад, ки ба иддаои тафтишот амалан моли нахуствазири пешин Серик Ахметов аст. Дар ин бахш аз парванда боз шаш нафари дигар ба ҳайси айбдоршаванда зикр мегарданд.

Дар ҷараёни муҳокима баёноти шоҳид - мудири ширкати "Гармхонаҳои Топар" Александр Забиров шунида шуд. Ба гуфтаи Забиров дар ин ширкат бо дастури Ахметов амалиёти мухталиф, аз ҷумла бо истифода аз ширкати дар Испания сабтшуда маблағҳо нақдина карда мешуданд. Ба иддаои Забиров, бо дархости Ахметов арзиши таҷҳизоте, ки барои ширкат харида шуд, аз будаш бештар навишта мешуд.

Дар маҷмӯъ ба ин ширкат, аз ҷумла тибқи барномаи давлатии "Нақшаи тиҷорат" ба маблағи беш аз 4,5 миллиард тенге сармоягузорӣ шудааст.

XS
SM
MD
LG