Пайвандҳои дастрасӣ

Жээнбеков раиси порлумони Қирғизистон шуд


Асилбек Жээнбеков

Асилбек Жээнбеков

Асилбек Жээнбеков торага ва ё раиси Жогорку Кенеши даъвати YI интихоб шуд.

Дар маҷмӯъ дар ҷаласаи порлумон 118 вакил сабти ном шуданд. Дар овоздиҳии махфӣ 114 вакил ба тарафдорӣ ва 4 вакил зидди номзадии Жээнбеков овоз доданд.

Жээнбеков ба ҳамтоёни худ арзи сипос кард ва гуфт, ки ҳамаи нерӯяшро барои рушди Қирғизистон сарф мекунад.

Имрӯз ҳамчунин муовинони раси порлумон интихоб хоҳанд шуд. Ҳамчуноне, ки пештар хабар дода шуд, интизор меравад шумори муовинон то ду нафар коҳиш дода шавад - як нафар аз ҷиноҳи аксарият ва дуввумӣ аз мухолифон намояндагӣ хоҳанд кард. Дар порлумони гузашта ҳар як ҷиноҳ як нафарӣ муовини раис дошт.

Интизор меравад, ки эътилофи аксарият ба вазифаи муовини раиси порлумон Нурбек Алимбековро пешниҳод кунад. Ба ин вазифа аз мухолифон Максат Сабиров ва Талант Мамитов (ҷиноҳи "Республика-Ата-Журт") ва Исҳоқ Пирматов аз "Бир бол" номзад ҳастанд.

XS
SM
MD
LG