Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Маркази матбуотии сарраёсати нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон мегӯяд, задухӯрд шаби 3 ноябр дар посгоҳи "Ҳамадонӣ" рӯй додааст

Ба гуфтаи Раёсати нерӯҳои марзбонӣ баъд аз задухӯрд гурӯҳи қочоқчиёни афғон бо истифода аз торикии шаб дар минтақаи ҳаммарзи ҷониби Афғонистон панаҳ бурдааст.

Ҳангоми таҳқиқи маҳали даргирӣ марзбонони тоҷик қариб 20 килограмм ҳашиш ва қариб 1,5 килограмм ҳероин ёфтаанд.

Ба иттилои Раёсати нерӯҳои марзбонии КДАМ, дар нӯҳ моҳи соли ҷорӣ дар марзи миёни Тоҷикистон ва Афғонистон 19 даргирӣ бо қочоқчиёни мусаллаҳ рух додааст. Дар ин даргириҳо 16 қочоқчӣ, аз ҷумла даҳ шаҳрванди Афғонистон ва шаш шаҳрванди Тоҷикистон кушта ва боз ду нафари дигар захмӣ шудаанд.

Тоҷикистон бо Афғонистон 1344 километр марзи муштарак дорад. Як бахши марз дар мавзеъҳои душворгузари кӯҳистонӣ ҷойгир ва дидбонии он мушкил аст.

XS
SM
MD
LG