Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукумати Руминия истеъфо дод


Виктор Понта
Виктор Понта

Сарвазири Руминия Виктор Понта дар пайи эътирозҳои густарда дар робита ба сӯхтори пурқурбонии як клуби шабона истеъфои ҳукуматашро эълон кард. Понта рӯзи 4 ноябр дар изҳороташ гуфт, “ман мандатамро месупорам, истеъфо медиҳам ва ҳукумати ман ҳам.” Дар вокуниш ба сӯхтори шаби 30 октябр дар як найтклуб, ки 32 кушта ва даҳҳо захмӣ ба ҷо гузошт, рӯзи 3 ноябр ҳудуди 20 000 нафар ба кӯчаҳои Бухарест рехта, истеъфои Понта, вазири дохила Габриэл Опреа ва раҳбари ноҳияеро, ки ин толор онҷо ҷойгир шудааст, талаб карданд. Эътирозгарон фасодкории мақомотро иллати мушкилоте хонданд, ки оқибаташ ба ин сӯхтори пурқурбонӣ овард. Понтаи 43-сола нахустин сарвазири Руминия аст, ки бо иттиҳоми фасод ва шустушуӯи пул дар моҳи сентябр ба додгоҳ рафта буд.

XS
SM
MD
LG