Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пирӯзии Малика дар қаҳрамонии тирандозии Осиё


​Малика Лагутенко, варзишгари тоҷик, дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё оид ба тирандозӣ дар Кувайт медали тило ба даст овард.

Варзишгари тоҷик Малика Лагутенко дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё оид ба тирандозӣ дар Кувайт бо медали тило мукофотонида шуд. Вай дар сабқати ниҳоии тирандозӣ аз туфанг ба масофаи 10 метр байни духтарон бо натиҷаи 204,9 имтиёз мақоми аввалро касб кард.

Суянг Чун аз Кореяи Ҷанубӣ бо 204,1 имтиёз мақоми дувум ва Прачи Гадкари аз Ҳиндустон бо натиҷаи 181, 3 имтиёз мақоми севумро соҳиб шуданд.

Дар ин бора ба Радиои Озодӣ Темур Лагутенко, дабири кулли Федератсияи тирандозии Тоҷикистон, рӯзи 4 ноябр хабар дод. Вай афзуд, "мусобиқаи XIII қаҳрамонии тирандозии Осиё мувофиқи сину соли ширкаткунандагонаш дар се гурӯҳ – наврасон, ҷавонон ва бузургсолон – дар пойтахти Кувайт то рӯзи 12-уми ноябр идома хоҳад кард. Ба ҳайати мунтахаби Тоҷикистон бо роҳбарии мураббӣ Дилором Лагутенко ба ҷуз Маликаи 15-сола, боз ду варзишгари тоҷик – Далер Ёров ва Тоҷиддин Валиев – шомиланд. Ҳарду рӯзҳои 4-5 ноябр дар тирандозӣ аз туфанг ба масофаи 10 метр рақобат мекунанд. Далери 19-сола байни навҷавонон ва Тоҷиддини 33-сола миёни бузургсолон вориди сабқат мешаванд."

Ба гуфтаи ҷаноби Лагутенко мунтахаби Тоҷикистон дар ин мусобиқаи қитъавӣ бо маблағгузории Федератсияи тирандозии Тоҷикистон, ки раиси он Беҳзод Файзуллоев мебошад, ширкат дорад.

XS
SM
MD
LG