Пайвандҳои дастрасӣ

Суқути ҳавопаймои АН-12 дар Судон


Ҳавопаймои АН-12

Ҳавопаймои АН-12

Бино ба хабарҳо, бар асари суқути ҳавопаймои АН-12 дар Ҷуба, пойтахти кишвари африқоии Судони ҷанубӣ дастикам 25 нафар ҷон бохтаанд. Гуфта мешавад, ин ҳавопаймо рӯзи 4 ноябр ба қасди Палоч дар аёлати Нили боло парвоз мекард, вале дар наздикии фурудгоҳи байналмилалӣ суқут кард. Бархе гузоришҳо, шумори кушташудаҳоро то 40 нафар мегӯянд. Нарзиқул Ҳамроев, мудири кулли ширкати "Asia Airways"-и Тоҷикистон дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, ҳавопаймои суқуткарда ба ин ширкат тааллуқ дошт. Намояндагии дипломатии Русия дар Угандаи ҳамсоя гуфт, гузоришҳо дар бораи шаҳрванди Русия будани 5 узви ҳалокшудаи ҳайати сарнишинони ин ҳавопайморо таҳқиқ мекунад. Сухангӯи президенти Судони ҷанубӣ Атени Век гуфт, ду нафар – як узви экипаж ва як кӯдак – аз ин сониҳа ҷони солим ба дар овардаанд.

XS
SM
MD
LG