Пайвандҳои дастрасӣ

Боздошти 9 нафари "Давлати исломӣ" дар Туркия


Мақомоти вилояти Ғозиёнтеппа дар ҷануби Туркия 9 ҷангии эҳтимолии созмони тундрави “Давлати исломӣ”-ро бо гумони таҳияи ҳамлаи маргталабона ба дафтарҳои як ҳизби сиёсӣ дар Истамбул дастгир кардаанд. Дафтари волии Ғозиёнтеппа шоми 3 ноябр гуфт, ду гумонбар рӯзи 30 октябр ҳангоми таъқиби як мошин дар Ғозиёнтеппа ва 7 тани дигар дар амалиётҳои пулис ба даст афтодаанд. Аз онҳо норинҷакҳо, маводи тарканда ва силоҳ мусодира шудааст. Дафтари волӣ гуфт, ин гурӯҳ мехост дар пешорӯи интихоботи парлумонии 1 ноябр “тарсу беназмӣ” эҷод кунад. Додситонҳо мегӯянд, шавоҳиде доранд, ки аз даст доштани шӯъбаи “Давлати исломӣ” дар Ғозиёнтеппа дар ду ҳамлаи маргталабони моҳи гузашта дар Анкара, ки беш аз 100 кушта ба ҷо гузошт, дарак медиҳанд.

XS
SM
MD
LG