Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

“Halal KFC” дар Теҳрон баста шуд


Ошхонаи “Halal KFC” дар Теҳрон

Ошхонаи “Halal KFC” дар Теҳрон

Мақомоти Эрон дар Теҳрон ошхонаеро, ки мақомот бахши маҳаллии KFC - шабакаи амрикоии ғизои зудпаз – ба қаламаш медиҳанд, бастанд. Матбуоти Эрон гуфт, ошхонаи “Halal KFC” тоза рӯзи 1 ноябр боз шуда буд. Вале пулис гуфт, ин ошхона бо муҷаввизи қалбакӣ кор мекард. Вале Аббос Пазукӣ, мудири ошхона гуфтааст, ки муассисаи ӯ бо шабакаи амрикоӣ рабте надорад, балки бахши шабакаи туркии “Halal KFC” мебошад, ки барои мусалмонон ғизо таҳия мекунад ва ҳадафаш бозори кишварҳои мусалмонист. Раҳбари Утоқи тиҷоратии Эрон Алӣ Фозилӣ тасдиқ кард, ки ин ошхона марбут ба шабакаи амрикоии KFC нест. Ӯ гуфт, “ягон фастфуди амрикоӣ дар Эрон ошхона надорад.” Муҳофизакорони эронӣ аз афзоиши нуфузи Ғарб нигаронанд ва ин дар ҳолест, ки дар пайи муомилаи моҳи июли Эрон бо қудратҳои ҷаҳонӣ дар баҳси ҳастаӣ кишварҳои зиёде дар фикри пайдо кардани ҷои по дар арсаи тиҷории Эрон шудаанд.

XS
SM
MD
LG