Пайвандҳои дастрасӣ

Шукурҷон Зуҳуров: Ҳеч гоҳ ба марги Умаралӣ бетараф набудем


Акси Умаралии панҷмоҳа

Акси Умаралии панҷмоҳа

Маҷлиси Намояндагон, палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон, баъд аз 20 рӯзи марги Умаралӣ Назаров -- тифли панҷмоҳаи тоҷик дар ин бора изҳор назар карда ва гуфтааст, ҳеч гоҳ бетараф набуданд.

Бо гузашти бист рӯз аз марги Умаралӣ Назарови панҷмоҳа дар шаҳри Санкт-Петербург, ки дар Тоҷикистону Русия ва берун аз он вокунишҳои мухталифро ба бор овард, ниҳоят, 4 ноябр Маҷлиси Намояндагон ба таври расмӣ дар мавриди ин ҳодиса изҳори назар кард. Шукурҷон Зуҳуров -- раиси Маҷлиси Намояндагон, палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон, дар иҷлосияи рӯзи чоршанбе гуфтааст, ки "мо ҳеч гоҳ ба марги Умаралӣ Назарови панҷмоҳа бетараф набудем".

Муҳаммадато Султонов, сардори дафтари матбуоти Маҷлиси Намояндагон, мегӯяд, онҳо аз рӯзи аввали фоҷиаи Умаралӣ ин қзаияро пайгирӣ доштанд. Ба қавли ӯ, парлумони Тоҷикистон аз рӯзҳои аввал бо вакилони Думаи Давлатии Русия ва дигар сохторҳои интизомии ин кишвар дар тамос шуда, хостори ҳарчӣ зудтар анҷом додани тафтишоти қазияи Умаралӣ шудааст.

"Ҷӯрахон Маҷидзода, раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният, бо супориши раиси Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон бо кумитаи тафтишотии дар шаҳри Санкт-Петербург будаи Русия дар иртибот буда, аз рафти тафтишот ҳамарӯза воқиф мегардад," -- афзуд ӯ. Тавре ҷаноби Султонов мегӯяд, вакилони парлумони Тоҷикистон ба падару модари Умаралии панҷмоҳа расман изҳори таслият кардаанд.

Эмомалӣ Раҳмон ва Дмитрий Медведев

Эмомалӣ Раҳмон ва Дмитрий Медведев

Парлумони Тоҷикистон дар ҳоле дар робита ба марги тифли панҷмоҳаи тоҷик дар Санкт-Петербург садо баланд мекунад, ки ин масъала 30 октябр дар суҳбати Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, бо Дмитрий Медведев -- нахуствазири Русия баррасӣ шуда буд. Он замон оқои Раҳмон изҳори умед карда буд, ки "ин масъала дар доираи қонун ҳал мешавад ва бо ин кӯшишҳои истифодаи ин қазия аз ҷониби баъзе доираҳои манфиатдор барои тезутунд намудани руҳияи гурӯҳҳои маълум, аз ҷумла дар миёни муҳоҷирони корӣ ва зиён расондан ба муносибатҳои дӯстонаи мо барҳам зада мешаванд."

Нахуствазири Русия дар навбати худ гуфт, таҳқиқи қазияи марги Умаралӣ Назаров таҳти назорати шахсии ӯст ва ваъда дод, "барои муайян намудани ҳамаи ҷонибҳои ин рӯйдод гурӯҳи махсуси тафтишотӣ созмон ёфтааст".

Аз ин пеш, Дмитрий Песков, сухангӯи президенти Русия гуфта буд, ки Владимир Путин низ аз ин қазия огоҳ шудааст, вале ин мавзӯъ ҳанӯз дахолати президентро тақозо намекунад.

Рустам Назаров бо ҳамсараш Зарина Юнусова

Рустам Назаров бо ҳамсараш Зарина Юнусова

Рӯзи 13 октябри соли ҷорӣ мақомоти пулиси шаҳри Санкт-Петербурги Русия бо баҳонаи нақзи қонуни муҳоҷирати ин кишвар Рустам Назаров ва Зарина Юнусова, шаҳрвандони Тоҷикистонро бо писари панҷмоҳаашон Умаралӣ Назаров боздошт карданд. Сипас, пулис Умаралии 5-моҳаро аз волидайнаш ҷудо карда ва падару модари ӯро дар утоқи бозпурсӣ муддати 5 соат нигаҳ доштааст.

Меҳринисо Назарова, бибии Умаралӣ, баъдан ба телевизионҳои Русия гуфт, ки барои набераи 5-моҳааш шир оварда, аммо пулис ширро ба кӯдак надодааст. Баъдан мошини ёрии таъҷилӣ набераи ӯро аз идораи пулис мебарад, вале ӯро нагузоштанд, ки набераашро ҳамроҳӣ кунад. Оилаи Назаровҳо рӯзи дигар хабари шуми марги набераашонро аз масъулони бемористон дарёфт карданд.

Ҳоло хонаводаи Умаралӣ Назаров қасд дорад, то ташхиси мустақили тиббӣ-додгоҳии ҷасади ӯро бигузаронад. Дар ҳоле ки мақомоти Русия бар асоси ташхиси ибтидоии ҷасади Умаралӣ мегӯянд, ӯ аз бемории вируси шадиди респираторӣ фавтидааст, хонаводааш ин посухро қабул надоранд ва мегӯянд, кӯдак то лаҳзаи боздошт сиҳату саломат буд ва аз беморие ранҷ намекашид. Омбудсмени кӯдаки Санкт-Петербург гуфтааст, ҷавобии расмии ташхиси ҷасади Умаралӣ 14 ноябр эълом хоҳад шуд. Ҳоло ҷасади ӯ дар сардхона нигоҳ дошат мешавад.

Мақомоти интизомии Русия мегӯянд, таҳқиқи қазияи марги Умаралӣ ҳанӯз идома дорад ва дар робита ба он бар асоси моддаи 109-и Кодекси ҷиноии Русия, яъне "аз беэҳтиётӣ ба марг расондан" парванда боз шудааст. Аммо манобеи мустақил мегӯянд, зоҳиран мақомоти пулис айби марги кӯдакро аз шонаҳои худ холӣ карда, мехоҳанд волидони ӯро барои беаҳамиятӣ дар парвариши кӯдак айбдор кунанд. Бинобар ин, пулиси Санкт-Петербург як навори видеоиро нашр кардааст, ки дар он як зани пулис аз Умаралӣ муроқибат мекунад ва дар сурати гиря карданаш аз шиша шир медиҳад.

Бо ин ҳол, ҷомеаи мадании Русия ва Тоҷикистон аз ин амалкарди пулис, ки кӯдаки панҷмоҳаро аз модараш ҷудо кардаанд ва танҳо баъд аз ин ҳодиса ӯ марг расидааст, норозиянд. Онҳо мехоҳанд ба ин савол посух бигиранд, ки далели аз модараш ҷудо кардани ин кӯдаки панҷмоҳа чӣ буд?

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG