Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳси навбатии марз. Ин бор дар Бишкек


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Рӯзи 5 ноябр дар Бишкек ҷаласаи навбатии кумиссиюни байнидавлатии таъйин ва аломатгузории марзи Қирғизистону Тоҷикистон доир мешавад. Ҷониш Раззоқов, волии вилояти Бодканд, ки бо вилояти Суғди Тоҷикистон ҳаммарз аст, гуфт, ҷониби Қирғизистон дар ин нишаст табодули ҷазирақаламравҳоро ба Душанбе пешниҳод мекунад. Ба гуфтаи ӯ, Бишкек розӣ аст, 12 гектар замини рустои Ариқтин-Астиро, ки дар дохили қаламрави Тоҷикистон мондааст, ба ин кишвари ҳамсоя бидиҳад. Вале дар иваз аз Тоҷикистон супурдани замини рустои Дахмаро, ки дар дохили рустои қирғизии Кӯктош қарор дорад, дархост хоҳад кард. Раззоқов гуфт, сокинони Ариқтин-Асти ва маҷлиси маҳаллӣ алакай барои чунин табодул розигӣ додаанд ва акнун навбати Душанбест, ки ин пешниҳодро мепазирад ё на. Мақомоти Тоҷикистон то ҳол дар ин бора изҳори назар накардаанд. Марзи Тоҷикистону Қирғизистон 970 километр тӯл дорад, вале бо гузашти 24 сол аз суқути Иттиҳоди Шӯравӣ танҳо чизе бештар аз 500 километри ин марз пурра таъйин ва аломатгузорӣ шудааст.

XS
SM
MD
LG