Ситоди мураббиёни мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон бо раҳбарии Мубин Эргашев ҳайати мунтахаби кишварро дар бозии навбатии сабқати интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2018 бо тими миллии Бангладеш эълон кард.
Ба рӯйхат 23 бозигар – 3 дарвозабон, 8 ҳимоятгар, 8 нимҳимоятгар ва 4 ҳамлагар дохиланд. Вале дар бозӣ муқобили мунтахаби Бангладеш легионерҳо – ҳимлагарон Давронҷон Эргашев («Жетису», Қазоқистон) ва Фарҳод Восиев («Газовик», Русия) ба иллати хориҷшавӣ ширкат намеварзанд.
Ба мунтахаби Тоҷикистон ду бозигари ҷавон – ҳимоятгарон Табрези Давлатмир ва Алишер Сафаров – даъват шудаанд. Ҳарду дар ҳайати мунтахаби ҷавонони то 19-солаи кишвар ба марҳилаи ниҳоии мусобиқаи қаҳрамонии Осиё-2016 роҳхат гирифтаанд.
Мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозӣ муқобили Бангладеш рӯзи шанбеи 7 ноябр шурӯъ мекунад.
Бозии даври ҳафтуми сабқати интихобии қаҳрамонии Осиё-2018 дар гурӯҳи «В» байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Бангладеш рӯзи панҷшанбеи 12 ноябр дар Варзишгоҳи марказии Душанбе соати 17:00 оғоз меёбад.
Баъди натиҷагирии даври шашуми мусобиқа дар ҷадвали гурӯҳи «В» мунтахаби Урдун бо 13 имтиёз дар ҷойи аввал аст. Мунтахаби Австралия, қаҳрамони феълии Осиё, бо 9 имтиёз дар ҷойи дувум мебошад. Мунтахаби Қирғизистон бо 8 имтиёз дар ҷойи севум қарор дорад. Мунтахаби Тоҷикистон бо 2 имтиёз дар ҷойи чаҳорум аст. Мунтахаби Бангладеш бо як имтиёз дар зинаи охирин – панҷум – ҷойгир шудааст.
Ҳайати мунтахаби Тоҷикистон муқобили Бангладеш:
Дарвозабонҳо: Алишер Додов («Регар-ТадАЗ»), Алишер Тӯйчиев, Қурбоналӣ Бобоев (ҳарду – «Истиқлол»);
Ҳимоятгарон: Далерҷон Тухтасунов («Регар-ТадАЗ»), Сиёвуш Асроров, Ҷаҳонгир Ҷалилов, Аҳтам Назаров (ҳарсе – «Истиқлол»), Табрези Давлатмир, Алишер Сафаров (ҳарду – «Вахш»), Ҳасан Рустамов, Соҳиб Ҳакимов (ҳарду – «Хуҷанд»);
Нимҳимоятгарон: Ҷаҳонгир Алиев («Хуҷанд»), Нозим Бобоҷонов, Фаридун Шарифов (ҳарду – «Регар-ТадАЗ»), Нуриддин Давронов, Фатҳулло Фатҳуллоев, Хуршед Маҳмудов, Парвизҷон Умарбоев, Умедҷон Шарифов (ҳама – «Истиқлол»);
Ҳамлагарон: Манучеҳр Ҷалилов, Дилшод Восиев (ҳарду аз "Истиқлол"), Комил Саидов ("Регар-ТадАЗ"), Аҳтам Ҳамроқулов ("Худжанд").
ҶҶ-2018. Сабқати интихобӣ. Марҳилаи дувум
Гурӯҳи «В»
Даври 7-ум
12 ноябр (панҷшанбе)
Тоҷикистон — Бангладеш
Австралия — Қирғизистон
Ҷ |
ДАСТАҲО |
Б |
Ғ |
М |
Б |
Т |
И |
1 |
Урдун |
5 |
4 |
1 |
0 |
12-1 |
13 |
2 |
Австралия |
4 |
3 |
0 |
1 |
10-3 |
9 |
3 |
Қирғизистон |
5 |
2 |
2 |
1 |
8-5 |
8 |
4 |
Тоҷикистон |
5 |
0 |
2 |
3 |
4-12 |
2 |
5 |
Бангладеш |
5 |
0 |
1 |
4 |
2-15 |
1 |
Даври 8-ум
17 ноябр (сешанбе)
Бангладеш — Австралия
Қирғизистон — Урдун
Даври 9-ум
24 март (панҷшанбе)
Австралия - Тоҷикистон
Урдун — Бангладеш
Даври 10-ум
29 март (сешанбе)
Тоҷикистон - Қирғизистон
Австралия — Урдун