Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҳокимаи тарафдорони “Ҷунбиши исломии Ӯзбакистон” дар Намангон


Усмон Одил, раҳбари Ҷунбиши исломии Ӯзбакистон
Усмон Одил, раҳбари Ҷунбиши исломии Ӯзбакистон

Додгоҳи вилояти Намангони Ӯзбакистон 4 нафарро ба иттиҳоми ҷалби ҷавонон ба суфуфи созмони террористии “Ҷунбиши исломии Ӯзбакистон” ба муддатҳои аз 7 то 8 сол зиндон маҳкум кардааст.

Дар ҷараёни муҳокимаи додгоҳ таъкид шудааст, ки ин афрод шаҳрвандони Ӯзбакистонро барои ширкат дар ҷангҳо дар Афғонистону Покистон ташвиқ кардаанд.

Гуфта мешавад, ин 4 нафар дар ҳудуди Русия таҳти нуфузи “Ҷунбиши исломии Ӯзбакистон”афтода ва бо ин созмони террористӣ ҳамкорӣ кардаанд.

XS
SM
MD
LG