Пайвандҳои дастрасӣ

​Вазоратҳои маориф ва тандурустии Тоҷикистон воҳидҳои кории аксар кормандони худро кам кардаанд. Дар пайи кам кардани воҳиди корӣ маоши ин кормандон низ кам шудааст.

Аксари омӯзгорон ва пизишконе, ки дар пайи аз даст додани қисме аз воҳиди корӣ маошашон поин рафтааст, мегӯянд, интизории чандмоҳаи онҳо дар пайи ваъдаи боло рафтани маош натиҷаи баръакс додааст.

Дилафрӯз Раҷабова, як омӯзгори фанни забони англисӣ дар яке аз мактабҳои миёнаи вилояти Хатлон 3 ноябр дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, дар мактаб якуним воҳиди корӣ дошт, аммо аз моҳи октябр соатҳои ӯро коҳиш доданд ва маоашаш аз 750 сомонӣ ба 520 сомонӣ поин рафтааст. Ин омӯзгор мегӯяд, панҷ фарзандро бо маоши ночизи омӯзгорӣ ба сахти бузург мекунад ва дар шароити боло рафтани нархҳо кам шудани маошаш шароити зисти ӯро сахттар кардааст.

“Соатҳоям кам шуданд. Агар дар як ҳафта як синфро чор ё шаш соат дарси англисӣ медодам, ҳоло дарсҳо аз се то чор соат кам шудаанд. Мо хеле умед доштем, ки маошҳоямон боло меравад, вале кор баръакс шуд,” – мегӯяд ӯ.

Ҷамила Бӯриева, пизишки дигар аз шаҳри Душанбе мегӯяд, бидуни кадом огаҳие ҳанӯз аз аввали моҳи октябр якуним басти кории ӯ ва даҳҳо ҳамкасбашро кам кардаанд. “Дирӯз ҳамагӣ 460 сомонӣ маош гирифтам ва вақте аз сардухутр пурсидам, гуфтанд, ки бо сабаби бӯҳрон маошҳоятон кам шуд ва шумо ҳам танҳо як баст кор кунед. Мо шаб ҳам навбатдорӣ мекашидем, ҳоло навбатдорон ҳам кам шудааст,” – нақл кард ҳамсуҳбати мо.

Омӯзгорон ва пизишконе, ки дар пайи кам шудани воҳиди кориашон маошашон поин рафтааст, мегӯянд, аз ҷониби корфармоён ин амал ба бӯҳрони молиявӣ рабт дода шудааст.

Аммо масъулони Вазорати маориф ва тандурустии Тоҷикистон мегӯянд, ин амал ҳеҷ рабте ба бӯҳрони молиявӣ надорад.

Саломуддин Юсуфӣ, як масъули Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ 3 ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, тасмими кам кардани воҳиди кории пизишкон дар пайи як мушовараи ин вазорат гирифта шудааст. Ӯ мегӯяд, бо кам кардани ним воҳиди корӣ аз дигар пизишкон дар беморхонаҳое, ки дархост барои ҷои кор бештар аст, ба мутахассисони ҷавон ҷои кор дода мешавад.

Ӯ гуфт, “вазорат қарор баровард, дар муассисаҳои тиббие, ки мутахассисон мерасанд, аз як воҳиди корӣ зиёд кор дода нашавад. Ин бештар ба муассисаҳои тиббии шаҳрҳо дахл дорад, зеро ин ҷо талабот ба ҷои кор зиёд аст. Дар он ҷое, ки табибон намерасанд, аз як воҳид бештар кор кардан иҷозат дода шудааст, аммо дар шаҳрҳо, ки мутахассисон мерасанд ва талабгорони ҷойи кор зиёданд, қарор шуд, ки дигар аз якуним воҳид зиёд иҷоза дода нашавад. Дар ин ҳолат мутахассисон бо ҷои кор таъмин мешаванд.”

Коҳиши воҳидҳои корӣ дар ҳолест, ки Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон аввали соли равон зимни ироаи паём ба парлумон ваъдаи дар моҳи сентябр боло бурдани маоши кормандони буҷавиро дода буд. Аммо дар моҳи октябр Вазорати молия эълон кард, ки бинобар таъмин нашудани буҷа ин ваъда ба таъхир андохта шуд.

Сайвалӣ Сафаров, як масъули Вазорати молияи Тоҷикистон, 3 ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, бо вуҷуди мушкилоти ҷойдошта ҳеч тағийр дар маоши омӯзгорону пизишкон ба амал наомдааст, аммо коҳиши хароҷоти дуюмдараҷа, ки ба раванди кор таъсир намерасонад, дар назар гирифта шудааст. Аз сӯи дигар Сафаров мегӯяд, бархе паёми президенти кишвар дар мавриди боло бурдани маошро нодуруст фаҳмидаанд. Ӯ мегӯяд, дар паёми раиси ҷумҳур гуфта шудааст, ки танҳо “вобаста ба вазъи иқтисодиву молиявӣ маош боло бурда мешавад”.

Бо ин вуҷуд, пизишкӣ ва омӯзгорӣ дар Тоҷикистон аз касбҳое ҳастанд, ки бо вуҷуди кори зиёд маоши ночизе мегиранд. Ба пизишкон ва омӯзгорони одӣ дар Тоҷикистон аз 400 то 800 сомонӣ муодили 60 то 120 доллар маош пардохт мешавад.

Дар Тоҷикистон беш аз 17 ҳазор нафар пизишк ва бештар аз сад ҳазор омӯзгор дар макотиби олӣ ва миёна кор мекунад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG