Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷон Керрӣ: "Тоҷикистон дар 5 соли оянда бо барқ таъмин мешавад"


Ҷон Керрӣ
Ҷон Керрӣ

Ҷон Керрӣ-вазири корҳои хориҷаи Амрико дар поёни мулоқоти худ бо Эмомалӣ Раҳмон-раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба рӯзноманигорон гуфт, Амрико дар давоми 5 соли оянда мехоҳад барномаеро иҷро кунад, ки бар асоси он Тоҷикистон на танҳо аҳолии худашро бо нируи барқ таъмин менамояд, балки ба Афғонистон низ барқ содир хоҳад кард.

Керрӣ гуфт, “Амрико аз мушкили Тоҷикистон дар таъмини аҳолӣ бо барқ ва аз баҳсҳои миёни Душанбеву Тошканд бар сари бунёди ниругоҳҳои бузурги барқи обӣ огаҳӣ дорад”.

Ҷон Керрӣ гуфт, “мо роҳҳои мухталифи ҷустуҷӯи сарчашмаҳои таъмини пурраи Тоҷикистон бо барқро баррасӣ кардем. Вале вазири корҳои хориҷаи Амрико дар бораи ҷузъиёти барномаи панҷсолаи таъмини барқ дар Тоҷикистон тавзеҳот надод.

XS
SM
MD
LG