Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷон Керрӣ ҳимояти худ аз Тоҷикистонро эълон кард


Ҷон Керрӣ-вазири корҳои хориҷаи Амрико мехоҳад Тоҷикистонро мутмаин созад, ки Вашингтон дар таъмини амният ба он кӯмак мекунад. Тоҷикистон кишвари ҳамсояи Афғонистон нигарон аст, ки исломи шӯришӣ мумкин аст дар минтақа густариш ёбад.

Ҷон Керрӣ баъд аз музокироташ бо Эмомалӣ Раҳмон-раиси ҷумҳури Тоҷикистон гуфт, “Амрико ба уҳдадориҳои худ дар мавриди кор бо Тоҷикистон ва кишварҳои дигар барои таҳкими амнияти марз аҳамият коил аст”.

Қарор аст Ҷон Керрӣ дар Ашқобод бо Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов-раиси ҷумҳури Туркманистон низ дидор ва гуфтугӯ кунад ва бад-ин тариқ силсилабоздидҳои худ аз кишварҳои Осиёи Миёнаро ба поён барад.

2 ноябр Керрӣ бо Нурсултон Назарбоев-раиси ҷумҳури Қазоқистон мулоқот дошт ва аз “раҳбарӣ”-и вай дар мубориза бо исломи тундгаро ситоиш кард, вале ҳушдор дод, ки таҳдиди терроризм набояд сабаби маҳдуд кардани демократия шавад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG