Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аҳмад Чалабӣ даргузашт


Аҳмад Чалабӣ
Аҳмад Чалабӣ

Аҳмад Чалабӣ-сиёсатмадори Ироқ ва яке аз ҷонибдорони асосии вуруди нируҳои Амрико ба Ироқ 3 ноябр дар синни 71 солагӣ аз ҳамлаи қалбӣ даргузашт.

Ҳисом Ҷабурӣ-котиби кумиссиюни молии порламон, ки раёсати онро Чалабӣ бар уҳда дошт, таъйид кард, ки вайро 3 ноябр дар хонаааш дар Бағдод мурда дарёфтаанд.

Чалабӣ марде буд, ки Амрикоро ба вуруди нируҳояш ба Ироқ дар соли 2003 ташвиқ мекард ва дар бораи аслиҳаи куштори ҷамъии Саддом Ҳусейн гузориш медод.

Баъд аз сарнагунии Саддом Ҳусейн Чалабӣ аз ғурбат ба Ироқ баргашт ва ҷараёни торумори ҳизби Баасро раҳбарӣ намуд.

Он вақт Вашингтон ба ҷои Саддом дар симои Чалабӣ раҳбари Ироқ медид, вале ба зудӣ эътибори Чалабӣ поён рафт, зеро иддаояш дар бораи мавҷудияти силоҳи куштори ҷамъӣ дар Ироқ тасдиқ нашуд.

XS
SM
MD
LG