Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Вазорати корҳои хориҷии ИМА баъд аз қазияи Тошканд қоидаҳоро бозбинӣ мекунад


Департаменти давлатии ИМА изҳор дорад, ки қоидаҳо барои маъмурони амниятӣ дар робита ба қазияи хабарнигори рӯзномаи Washington Post-ро бозбинӣ мекунад.

Хабарнигор дар бораи ҳуқуқи инсон дар Ӯзбекистон савол кард ва аз толори мулоқоти раҳбари вазорати хориҷии ИМА Ҷон Керрӣ бо раиси ҷумҳури Ӯзбекистон Ислом Каримов берун карда шуд.

Дар навори видеоӣ дида мешавад, ки хабарнигор талош мекунад аз Каримов шарҳи интиқоди мақомоти амрикоиро дар робита ба вазъи нигаронкунандаи ҳуқуқи инсон дар ин кишвар бигирад. Лаҳзае, ки марҳилаи ози ин мулоқот ба поён мерасид, Кэрол Морелло савол кард: «Ҷаноби президент, шумо метавонед ба саволи расонаҳои амрикоӣ посух диҳед?». Дар ҳоле, ки хабарнигор мехост, мавзӯи ҳуқуқи инсонро матраҳ кунад, маъмурони амниятии Департамени давлатӣ ва ниҳодҳои амниятии Ӯзбекистон ӯро водор сохтанд, ки толорро тарк кунад. Дар ин навор садое бо лаҳни амрикоӣ мегӯяд: «Не. Бароред ӯро».

Мудири бахши расонаҳои Департаменти давлатии ИМА Элизабет Трюдо ба хабарнигорон дар Вашингтон гуфт, ки раҳбарияти ин ниҳод ин ҳодисаро таҳқиқ мекунад.

XS
SM
MD
LG