Пайвандҳои дастрасӣ

Боздошти вакили мудофеъ бо даҳ ҳазор доллар


Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон вакили мудофеъ Дилбар Додоҷонваро ба иттиҳоми қаллобӣ боздошт кардааст. Додоҷонова узви Коллегияи адвокатҳои “Сипар” мебошад ва барои гирифтани даҳ ҳазор доллар аз шаҳрванд “М” муттаҳам мешавад. Эркин Назаров, сухангӯи Оҷонсии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсия 2 ноябр гуфт, Дилбар Додоҷонова 26 октябри соли ҷорӣ дар натиҷаи гузарондани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷуӣ дар кӯчаи Зафари ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ҳангоми гирифтани 5800 доллар ва 1000 сомонӣ аз шаҳрванд “М” дар ҷои ҳодиса дастгир карда шудааст. Дар ҳоли ҳозир Оҷонсии зидди корупсия нисбат ба Дадоҷонова бо моддаи 247 қисми 4 банди «б»- Кодекси ҷиноӣ (тасарруфи молу мулки ғайр ё ба даст овардани ҳуқуқ ба молу мулки ғайр бо роҳи фиреб ё сӯиистифодаи боварӣ, аз ҷониби шахс бо истифодаи мақоми хизматӣ ва, бо истифодаи мақоми хизматӣ ва расонидани зарари моддӣ ба миқдори махсусан калон) парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда тафтишот идома дорад.

XS
SM
MD
LG