Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳбари “Ал-Қоида” мусалмононро ба "муттаҳидӣ" фаро хонд


Айман ал-Завоҳирӣ, раҳбари созмони террористии “Ал-Қоида” аз мусалмонони ҷаҳон даъват кард, то рақобату мухолифатҳоро канор гузошта ва барои мубориза алайҳи Русия ва Ғарб муттаҳид шаванд.

Бино ба иттилои хабаргузории Reuters, ин муроҷиати ал-Завоҳирӣ рӯзи якшанбеи 1ноябр дар яке аз торнамоҳои созмони “Ал-Қоида” мунташир шудааст.

Дар ин муроҷиат ҳадафи аслӣ Иёлоти Муттаҳидаи Амрико унвон шуда ва аз ҷангиёни мухолифони Башор Асад, раиси ҷумҳури Сурия даъват кардааст, то ихтилофи назарҳоро бо “Давлати исломӣ” канор гузоранд.

Ин дар ҳолест, ки қаблан “Ал-Қоида” эълон дошт, ки хилофати “Давлати исломӣ”-ро эътироф намекунад. Дар моҳи июни соли 2014 “Давлати исломӣ” худро хилофати ҷаҳонӣ эълон карда буд.

Ба гуфтаи хабаргузории Reuters, таърихи сабти муроҷиатнома маълум нест, аз лаҳни он рӯшан аст, пас аз оғози ҳамалоти ҳавоии Русия дар Сурия дар рӯзи 30 сентябри соли ҷорӣ пайдо шудааст.

Дар пайи муроҷиати расмии Башор Асад, раиси ҷумҳури Сурия амалиёти нерӯҳои ҳавоии Русия алайҳи неруҳои “Давлати исломӣ”ва гурӯҳҳои террористии дигар дар ин кишвар шурӯъ гардид.

XS
SM
MD
LG