Пайвандҳои дастрасӣ

Даъвати Эрдӯғон аз "тамоми ҷаҳон" баъди интихобот


Ба думболи пирӯзии Ҳизби Адолат ва Тавсиаи Раҷаб Тайиб Эрдӯғон, раиси ҷумҳури Туркия дар интихобот, ӯ аз “тамоми ҷаҳон” хост, ба иродаи мардуми кишвараш эҳтиром гузоранд. Раҷаб Тайиб Эрдӯғон рӯзи 2-уми ноябр гуфт, “Раъйи мардум нишон дод, ки онҳо тарафдори субот ҳастанд. Биёед ҳама, яктан мисли бародар ва ҳама Туркия бошем.” Поёни иқтибос. Ҳизби Адолат ва Тавсиаи Туркия, ки решаҳои исломӣ дорад, дар интихоботи порлумонии рӯзи 1-уми ноябр аз миёни 550 курсии маҷлис 315-тои онро соҳиб шуд ва ҳаққи ташкили мустақилонаи ҳукуматро ба даст овард. Дар интихоботи моҳи июн ҳизб натавонист аксарияти курсиҳои порлумонро соҳиб шавад. Дар интихобот Ҳизби Мардумии Демократии Туркия, як ҳизби тарафдори курдҳо камаш 10 дар сади раъйи мардумро ба даст овард ва ҳамингуна соҳиби курсӣ дар порлумон шуд. Интихоботи зудраси порлумониро баъди он эълон карданд, ки Ҳизби Адолат ва Тавсиаи Туркия моҳи июн дар интихобот, аз раъйи аксарият маҳрум шуд ва натавонист, ҳукумати эътилофӣ ташкил диҳад.

XS
SM
MD
LG