Пайвандҳои дастрасӣ

Дар шаҳри Остона Нурсултон Назарбоев, раиси ҷумҳури Қазоқистон бо Ҷон Керрӣ, вазири хориҷаи Амрико дидору гуфтугӯ кардааст.

Ин дидор пушти дарҳои баста гузашта, аз ин лиҳоз маълум нест, ки ин ду мақоми Қазоқистону Амрико масоили мубрам, аз ҷумла, вазъи ҳуқуқи башар дар Қазоқистонро баррасӣ кардаанд ё на.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти раёсати ҷумҳурии Қазоқистон, ҷаноби Назарбоев ба ҷониби Амрико “барои пуштибонӣ аз истиқлол ва рушди иқтисоди кишвараш” ибрози сипос кардааст.

Ҷон Керрӣ ба навбати худ гуфтааст, ки ИМА аз бузургтарин сармоягузорон дар иқтисоди Қазоқистон маҳсуб шуда ва мизони умумии ин сармояҳо беш аз 19 миллиард долларро ташкил додааст.

Вазири хориҷаи Амрико дар чорчӯби дидорҳояш аз кишварҳои Осиёи Марказӣ вориди Қазоқистон шуда, дар назар аст, дар нимаи дуюми имрӯз ӯ бо Карим Масимов, сарвазир ва Ерлан Идрисов, вазири хориҷаи ин кишвар мулоқот кунад.

XS
SM
MD
LG