Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҷасадҳои қурбониёни фалокатро ба Русия оварданд


Мақомоти Русия овардани ҷасадҳои қурбониёни суқути ҳавопаймо аз Мисрро шурӯъ карданд ва айни замон таҳқиқи сабабҳои фалокат идома дорад. Ҳавопаймои мусофирбари Эйрбас А321-200 мутаалиқ ба ширкати русии Когалимавиа рӯзи 31-уми октябр зимни парвоз аз шаҳри Шарм-ул-Шайхи Миср ба шаҳри Санкт Петербург суқут кард. Тамоми 224 мусофир ва сарнишинони ҳавопаймо, ки аксарияташон рус буданд дар натиҷаи фалокати бесобиқа дар таърихи ҳавопаймоии Русия ҳалок шуданд. Ҳавопаймои ҳукумати Русия рӯзи 2-уми ноябр 144 қурбонии фалокатро ба шаҳри Санкт Петербург овард ва сипас ҷасадҳоро барои шиносоӣ ба як сардхонаи шаҳр бурданд. Қарор аст, ҷасадҳои боқимондаро дар ҳамин рӯз ба Русия интиқол диҳанд. Вазорати нақлиёти Русия гуфтааст, ки ҳавопаймоҳо дар осмон “пора шудааст”, вале гуфтани сабабҳои фалокат ҳануз барвақт аст.

XS
SM
MD
LG