Пайвандҳои дастрасӣ

“Иштибоҳ”-и Меликов аз Бишкек бо ҷоиза баргашт


Намоишномаи "Иштибоҳ"-и коргардони тоҷик Нозим Меликов дар панҷумин Ҷашнвораи байнулмилалии театрии “АРТ-ОРДО”, ки дар охири моҳи октябри соли ҷорӣ дар Бишкек баргузор гардид, ҷоизаи - “Беҳтарин кори коргардонӣ”-ро ба худ ихтисос додааст. Аз Театри ҷавонони ба номи Маҳмудҷон Воҳидов, маҳалли кори Нозим Меликов, рӯзи 2 ноябр ба Радиои Озодӣ гуфтанд, дар ин чорабинӣ ҳунармандон аз Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, Узбакистон, Тотористон ва Тоҷикистон иштирок кардаанд. Намоишномаи “Иштибоҳ” аз рӯи асари драмматурги фаронсавӣ Албер Камю дар коргардонии Нозим Меликов таҳия шуда, аз рӯзгори ду зан - модар ва духтаре қисса мекунад, ки бо иштибоҳ фарзанди худро ба ҳалокат мерасонанд. Нахустнамоиши "Иштибоҳ" бори аввал моҳи апрели соли 2014 дар Театри ҷавонони ба номи Маҳмудҷон Воҳидовпешкаши бинандаҳо шуда буд.

XS
SM
MD
LG