Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Комроншоҳи Устопириён дар Абу-Даби ҳафтум шуд


Комроншоҳи Устопириён
Комроншоҳи Устопириён

Паҳлавонони тоҷик дар мусобиқаи дзюдо бо номи «Judo Grand-Slam Abu-Dhabi 2015” аз медалҳо бенасиб монданд.

Паҳлавонони тоҷик дар мусобиқаи байналмилалии дзюдо «Тоскулоҳи бузург” («Judo Grand-Slam Abu-Dhabi 2015”), ки рӯзҳои 31 октябр – 1 ноябр дар пойтахти Имороти Муттаҳидаи Араб – Абу-Даби - баргузор шуд, ноком шуданд. Дар ин мусобиқа 481 гуштигир (292 мард ва 189 зан) аз 88 кишвар барои 14 маҷмӯи медалҳо ( 7– мардон ва 7 – занон) дар рақобатҳои инфиродӣ мубориза бурданд.

Ба ҳайати мунтахаби Тоҷикистон 9 гуштигир дохил буд. Ҳашт нафари онҳо – Умед Абдураҳимов ва Раҳматуллои Маҳмуд (ҳарду - 66 кг), Муҳаммад Мирзоев ва Саидмухтор Расулов (ҳарду - 73 кг), Фарҳод Раҳимов ва Комрон Карликов (ҳарду - 81 кг), Саидҷалол Саидов (100 кг) ва Муҳаммадмурод Абдураҳмонов (беш аз 100 кг)– дар даврҳои муқаддамотӣ аз рақибонашон шикаст хӯрда, аз идомаи мубориза барои медалҳо маҳрум шуданд.

Дар байни варзишгарони тоҷик танҳо як нафар - Комроншоҳи Устопириён - дар рақобатҳо дар вазни беш аз 100 кг натиҷаи хубтар нишон дод. Вай баъди ду пирӯзӣ бар рақибонаш аз Украина ва Латвия, дар даври севум аз Илёс Илиадиси юнонӣ мағлуб гашт. Баъдан Комроншоҳ аз Александр Куколҷи сербиягӣ шикаст хӯрд ва дар натиҷа мақоми ҳафтумро касб кард.

Дар ҳисоби умумидастаӣ мунтахаби Кореяи Ҷанубӣ бо 4 медали тилло мақоми аввалро касб кард. Русия бо 2 медали тилло, 1 нуқра ва 1 биринҷӣ дувум ва Фаронса бо 2 медали тилло ва 2 нишони биринҷӣ севум шуданд. Тоҷикистон бо як ҷойи ҳафтум дар байни 88 кишвар дар мақоми 37-ум қарор гирифт.

Ғолибону ҷоизадорони мусобиқа:
Мардон

60 кг
1. ПАПИНАШВИЛИ Амиран (Гурҷистон)
2. ТСЕНДОЧИР Согтбаатар (Муғулистон)
3. ИБРАЙЕВ Рустам (Қазоқистон)
3. УРОЗБОЕВ Диёрбек (Узбакистон)

66 кг
1. АН Баул (Кореяи Ҷанубӣ)
2. ГАЛСТЯН Арсен (Русия)
3. СОБИРОВ Ришод (Узбакистон)
3. ЗАНТАРАЯ Георгий (Украина)

73 кг
1. АН Чангрим (Кореяи Ҷанубӣ)
2. ВАНДТКЕ Игор (Олмон)
3. МУКИ Саги (Федератсияи байналмилалии дзюдо)
3. ШАВДАТУАШВИЛИ Лаша (Гурҷистон)

81 кг
1. ИВАНОВ Иваило (Булғористон)
2. ТОМА Сержи (Имороти Муттаҳидаи Араб)
3. СЗОКНУЯ Ласзло (Маҷористон)
3. МАГОМЕДОВ Сироҷиддин (Русия)

90 кг
1. ЛХАГВАСУРЕН Отгонбаатар (Муғулистон)
2. ВАН Т ЭНДНоел (Ҳолланд)
3. НЕЙМАН Маркус (Шветсия)
3. ТОТ Кристиан (Маҷористон)

100 кг
1. КИМ Сунг-Мин (Кореяи Ҷанубӣ)
2. ХАММО Лакив (Украина)
3. БРЕЙТБАРТ Андрей (Олмон)
3. ҶАББАЛАҲ Файсал (Туркия)

+100 кг
1. ҲАЙБУЛЛОЕВ Тагир (Русия)
2. КРПАЛЕК Лукас (Ҷумҳурии Чех)
3. ФРЕЙ Карл-Ричард (Олмон)
3. НИКИФОРОВ Тома (Белгия

XS
SM
MD
LG