Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Туркия ба парлумони нав раъй медиҳад


Дар Туркия рӯзи 1 ноябр интихоботи қабл аз вақти парлумонӣ мегузарад. Раисиҷумҳури Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон дар бораи доир кардани интихоботи қабл аз вақт баъд аз он тасмим гирифт, ки пас аз интихоботи моҳи июн нерӯҳои сиёсии кишвар дар мавриди таъсиси эътилоф ва ташкили ҳукумат ба созиш нарасиданд.

Дар интихоботи парлумонии панҷ моҳи пеш Ҳизби ҳокими адолат ва тавсеа ба дарёфти аксарияти курсиҳо муваффақ нашуд. Ин ҳизб аз соли 2003 ба ин тараф яккатози майдони сиёсии Туркия буд ва қудратро дар даст дошт. Ҳамон вақт расонаҳои маҳаллӣ навишта буданд, ки ташкили эътилоф кори осоне нахоҳад буд ва эҳтимоли зиёд вуҷуд дорад, ки интихоботи парлумонии қабл аз мӯҳлат баргузор шавад.

Ҳизби ҳокими адолат ва тавсеаи Туркия дар он маърака тавонист 41 дарсади орои интихобкунандагонро ба даст биёварад. Ҳизби ҷумҳури халқ бо 25 дарсад ва Ҳаракати миллӣ бо 16, 5 дарсади оро дар ду ҷои баъдӣ қарор гирифтанд. Сенсатсияи асосии интихобот он буд, ки Ҳизби демократи халқ, ки дар миёни курдҳои Туркия аз маҳбубият бархӯрдор аст, бо дарёфти 13 дарсади орои мардум барои нахустин бор вориди парлумони Туркия шуд.

Натиҷаҳои пешакии интихоботи қабл аз вақти парлумонии Туркия рӯзи душанбе эълон хоҳанд шуд.

XS
SM
MD
LG