Пайвандҳои дастрасӣ

Ситезаҷӯёни гурӯҳи ”Давлати исломӣ” (ДИИШ) шаҳри Моҳин дар вилояти Ҳумси Сурияро ишғол карданд. Ба иттилои маркази дидбони ҳуқуқи башари Сурия, мақараш дар Лондон, нерӯҳои ҳукуматӣ баъд аз даргириҳои шадид барои тарки шаҳр маҷбур шуданд. Дар задухӯрдҳо дасти кам 50 тан аз сарбозони ҳукуматӣ кушта шуданд.

Ба иттилои радиои ситезаҷӯён “Ал-Байан”, гурӯҳи “Давлати исломӣ” дар Моҳин миқдори бузурги силоҳро дарёфт кардааст.

Шаҳри Моҳин 25 километр дуртар аз шоҳроҳе воқғеъ аст, ки вилояти Ҳумсро бо шаҳри Димишқ мепайвандад.

Охири моҳи сентябр Русия амалиёти низомӣ дар Сурияро шурӯъ кард ва эълон дошт, ки ба мавқеъҳои гурӯҳи “Давлати исломӣ” аз фазо зарба мезанад. Аммо кишварҳои ғарбӣ мегӯянд, ҳавопаймоҳои Русия асосан мавқеъҳои гурӯҳҳои мухолифи Башор Асадро бомборон мекунанд ва ба ин васила ба нерӯҳои ҳукуматии Димишқ кӯмак мерасонанд. Русия хабарҳо дар бораи кушта шудани даҳҳо сокини осоишта бар асари зарбаҳои ҳавопаймоҳои низомияшро рад мекунад.

XS
SM
MD
LG