Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷон Керрӣ, вазири умури хориҷаи ИМА, ва вазирони панҷ кишвари Осиёи Марказӣ рӯзи 1 ноябр баъд аз мулоқот дар шаҳри Самарқанд изҳороти мушатаракеро пазируфтанд, ки дар он аз Афғонистон ва рушди он чун кишвари мустақил дар фасои осуда пуштибонӣ шудааст.

Бино ба иттилои хабаргузории Рейтер, дар изҳорот омадааст, ки амният ва рушди Афғонистон барои бехатарӣ ва эътидоли авзоъ дар кишварҳои минтақа басо муҳим аст. Кишварҳои Осиёи Марказӣ ӯҳдадор шудаанд, ки ҳамкорӣ дар муқовимат бо таҳдидҳои фаромарзӣ ва дар мубориза бо терроризмро тақвият мебахшанд, гуфта шудааст дар ин санад.

Ҷон Керрӣ рӯзи 1 ноябр вориди шаҳри Самарқанд шуд ва бо раисиҷумҳури Ӯзбакистон Ислом Каримов мулоқот кард. Сипас вазири умури хориҷии Амрико ва ҳамтоҳояш аз Осиёи Марказӣ масоили минтақа ва вазъияти амниятӣ дар Афғонистонро баррасӣ карданд. Ҷон Керрӣ дар ибтидои мулоқот гуфт, ки ИМА аз истиқлол ва якпорчагии ҳар як кишвари минтақа пуштибонӣ мекунад.

Бино ба иттилои Сафорати ИМА дар Ӯзбакистон, барои аввалин бор мулоқот дар шакли ҷадиди “С5+1” (кишварҳои Осиёи Марказӣ + Амрико) анҷом шуд.

Сафари Ҷон Керрӣ ба минтақа идома дорад ва тайи ду рӯзи оянда ӯ аз Қазоқистон, Тоҷикистон ва Туркманистон дидан мекунад. Ин нахустин сафари якбораи Ҷон Керрӣ ба панҷ кишвари Осиёи Марказист.

XS
SM
MD
LG